Пешвози самимӣ: Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Балҷувон рафт

© Фото : Аз хадамоти матбуоти раисҷумҳурСафари Эмомалӣ Раҳмон ба Балҷувон
Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Балҷувон - Sputnik Тоҷикистон
Субҳи имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ошноӣ бо ҷараёни корҳои бунёдкорию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун ва мулоқот бо сокинону фаъолон ба ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон сафар кард

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Бино ба иттилоъи хадамоти матбуоти раисҷумҳур, роҳбарият, фаъолону собиқадорон, намояндагони ҷавонону аҳли илму фарҳанги ин ноҳия раиси Тоҷикистонро бо самимияти афзун истиқболгирифтанд.

Манбаъ мегӯяд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар фазои сулҳу суботи сартосарии мамлакат ва ҷаҳду талоши роҳбарияти кишвар ноҳияи Балҷувон ободу зебо гардида, сифати зиндагии бошандагони ин ҷо беҳтар шудааст.

Манбаъ меафзояд, ки истиқболи самимии Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби сокинони ноҳия далели пуштибонии комили онҳо аз сиёсати  ҳукумати кишвар мебошад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала