Тарки одат амри маҳол: ВУД мегӯяд, мард баъди дастгиршавӣ боз фоҳишахона ташкил кард

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вазорати умури дохила имрӯз гузориш дод, ки марде баъди дастгир шуданаш дубора ба табаҳкорӣ даст зад

ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Бино бар гузориши манбаъ, марди 54-солаи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе, ки пештар аз ҷониби кормандони милиса ба ташкили фоҳишахона муттаҳам шуда буд, дубора даст ба табаҳкорӣ зад.

Бино бар иттилои манбаъ, номбурда рӯзи 26-уми июли соли 2017, тахминан соати 12:30- дақиқа дар кӯчаи Айнии пойтахт, дукони Кошонаи маҳсгарии худро ба фоҳишахона табдил дода, ба шаҳрвандон: марди 25-солаи сокини шаҳри Кӯлоб ва зани 38-солаи сокини шаҳри Душанбе барои муносибатҳои маҳрамона шароит фароҳам оварда, аз онҳо 100 сомонӣ  гирифтааст.

ВУД ёдоварӣ мекунад, ки ин мард чанде қабл аз ҷониби кормандони милиса бо гумони даст додаштанаш ба айнан ҳамин гуна ҷурм дастгир шуда буд, аммо забонхат навишта буд, ки то баррасии парвандааш маҳалли истиқоматиашро тарк намекунад.

"Вале номбурда, аз ин хулосаи даркорӣ набароварда ба ҳаракатҳои ҷиноятии худ идома дода, такроран даст ба қонуншиканӣ задааст",- қайд мекунад манбаъ.

Лентаи хабарҳо
0