Кумитаи занон: ҳадафи мо танҳо мубориза бо сатру ҳиҷоб нест

Обуна шудан
Нахустмуовини раиси кумитаи занон дар нишасти расонаӣ гуфт, ки ҳадафи гурӯҳҳои корӣ мубориза бо сатр набуда, ташвиқи либоси миллӣ аст
ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Марҳабӣ Олимӣ дар нишатси расонаӣ ба хабарнигорон гуфта, ки сӯҳбатҳои онҳо на танҳо ба занони ҳиҷобпӯш сурат мегирифтааст, балки  духтаронеро, ки либоси беадабона ба бар мекунанд низ ба пӯшидани либоси милӣ даъват мекардаанд.

Аммо ба гуфтаи хонум Олимӣ ҳоло намунаи либосҳои миллӣ наҳия нашуда будааст.

Вай афзуд, "мо тасмим дорем, дастурамали либосҳои миллиро таҳия ва пешниҳоди ҷомеа гардонем".

Пештар хабар дода шуд, ки дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади мубориза ба "бегонапарастӣ" ва тарғиби либоси миллӣ аз тарафи кумитаи кор бо занон 21 гурӯҳи корӣ ташкил шудааст. Ҳамчунин, гурӯҳи кории вижа дар шаҳри Душанбе ба марказҳои савдо рафта, бо занону фурӯшандагон аз фарҳанги миллӣ ва либоспӯшӣ сӯҳбат ороста буд.

Лентаи хабарҳо
0