Дар Суғд аз ду амалиёти теруристӣ пешгирӣ шуд

© Илья Питалев / Гузаштан ба хазинаи аксАрхивное фото задержания преступника
Архивное фото задержания преступника - Sputnik Тоҷикистон
Дар шимоли Тоҷикистон аз ду амалиёти теруристӣ пешгирӣ карда шудааст. Дар ин бора сардори РКД вилояти Суғд Шариф Назарзода дар нишасти расонаӣ хабар дод

ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Дар вилояти Суғд аз ду амалиёти теруристӣ пешгирӣ шуд. Дар ин бора сардори Раёсати умури дохилаи вилояти Суғд дар нишасти расонаӣ иттилоъ дод. Шариф Назарзода гуфт, теруристҳо қасд доштанд яке аз ин амалиётро дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва дигареро дар шаҳри Истаравшан анҷом диҳанд.

"Гурӯҳе, ки қасд дошт дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳаросафканӣ кунад, дар яке аз кишварҳои хориҷӣ қарор доштанд. Мо барои бозҷӯии ин қазия аз рӯи моддаи "сӯиқасд ба теруризм" парванда оғоз кардем. Як нафар дастгир карда шуд, ки сокини ҳамин ноҳия аст. Чаҳор нафари дигарро дар кишвари ҳамсоя дастгир кардем",- тавзеҳ дод вай.

Шариф Назарзода дар мавриди амалиёти теруристии дар шаҳри Истаравшан гуфт, ки ҷинояткорон дастгир шуда аз онҳо ҷангафзор ҳам мусодира шудааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала