Сад сомонӣ ба ҳар аъзои оила: ёрии ҳукумат ба хонаводаҳои камбизоат

Ҳукумати Тоҷикистон барои хонаводаҳои камбизоат кумакпулӣ ҷудо кардааст, ки аз моҳи ноябр пардохт хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Ҷамшед Каримзода, муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфт, ки ҳар як аъзои хонаводаи камбизоат аз моҳи ноябр кумаки иҷтимоӣ ба қадри 100 сомонӣ (12, 5 дулор) хоҳанд гирифт.

Кумакпулӣ дар се моҳ як бор расонида мешавад. Дар ин росто  дар буҷети Тоҷикистон бо машварати Иттиҳоди Урупо ва ёриҳои молии шарикон 80 милюн сомонӣ ихтисос шудааст.

Ҳадаф аз роҳандозии ин тарҳ паст кардани сатҳи кабизоатӣ дар кишвар гуфта мешавад.

"Нахуст ин тарҳ дар се ноҳияи озмоишӣ татбиқ карда шуд ва ҳамакнун дар тамоми ҷумҳурӣ роҳандозӣ мешавад. Ба ин манзур дар будҷети соли ҷории Тоҷикистон барои расондани кумаки молӣ ба оилаҳои камбизоат 80 милюн сомонӣ ҷудо карда шудааст", — гуфт ӯ.

Ба гуфти Каримзода, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон вазифадор шудааст, ки дар зудтарин фурсат рӯйхати хонаводаҳои камбизоатро дар тамоми қаламрави кишвар таҳия ва пешниҳод кунад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала