Танкчиёни тоҷик дар сабқати АРМИ-2017 нахустин шуда ба марра расиданд

© Sputnik / Илья Питалев / Гузаштан ба хазинаи аксЦеремония открытия Армейских международных игр "АрМИ-2017", команда Таджикистана
Церемония открытия Армейских международных игр АрМИ-2017, команда Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Гурӯҳи танкчиёни тоҷик таҳти роҳбарии лейтенанти калон Ҳамроз Одилбеков хатсайрро дар давоми 38 дақиқаву 11 сония тай карда нахустин ба марра расиданд

ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik, Антон Курилкин. Дар ҳарбмайдони Алабинои Маскав, даври аввали бозиҳои байнулмилалии АРМИ-2017 баргузор шуд.

Дар даври аввали мусобиқа намояндагони Ангола, Лаос, Тоҷикистон ва Уганда рақобат карданд.

Дастаи Тоҷикистон беҳтарин натиҷаро ба даст оварда дар муддати 38 дақиқаву 11 сония хатсайри муқарраршударо тай кард.

© Sputnik Антон КурилкинТаджикские танкисты на Армейских международных играх
Таджикские танкисты на Армейских международных играх - Sputnik Тоҷикистон
Таджикские танкисты на Армейских международных играх

Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар ҳарбмайдон таҳти роҳбарии лейтенанти калон Ҳамроз Одилбеков баромад карданд.

Сабқати биатлони танкӣ дар се давр баргузор мешавад.

Ба даври нимниҳоӣ 12 даста роҳ ёфта чаҳор гурӯҳи беҳтарин дар даври ниҳоӣ рақобат мекунад. Дар ҳамаи давраҳои мусобиқа ширкаткунандагон бояд монеъаҳои гуногунро паси сар карда ба марра расанд.

Пештар хабар дода шуд, ки барномаи мусобиқоти АРМИ-ро дар соли 2017 "вазнинтар" мекунанд.

"Барномаи озмун вазнинтар мешавад. Мо сабқати имсоларо таҳлил карда, дар бораи илова  кардани шартҳои озмун қарор мебарорем, то нишондодҳои гурӯҳҳоро ба хубӣ ҳисоб карда бароем",-гуфта буд сардори нерӯҳои ҳавоии Русия Виктор Бондарев.    

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала