Тафовут байни дӯстии зану мард дар чист? тавзеҳи равоншинос

© Sputnik / Георгий Куролесин / Гузариш ба медиабонкМужчины несут букеты цветов, купленные накануне праздника 8 марта, архивное фото
Мужчины несут букеты цветов, купленные накануне праздника 8 марта, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Чаро набояд ҳама рози худро ба дӯст ошкор кард? Дӯстии мардон бо дӯстии занон чӣ тафовуте дорад? Посух ба ин пурсишҳоро аз равоншинос Наталя Обердерфер бишнавед

ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Дарёфти занон ва мардон аз дӯстӣ бо якдигар мутафовит аст. Ҷинси латиф эҳсосотро бартар медонад ва мардон фаъолияту амалро.

"Аксари мардон гила мекунанд, ки ҳамсарашон соатҳо бо дугонаҳояшон дар телефон гуфтугӯ мекунанд. Вале занон дар ин суҳбатҳои тӯлонӣ дарди дили якдигарро гӯш мекунанд", — гуфт равоншинос дар суҳбат бо Sputnik Қазоқистон.

Навруз на ВДНХ - Sputnik Тоҷикистон
Равоншинос иллати танҳоии хушрӯйҳоро тавзеҳ дод

Мардон бештар ба фаъолияти муштарак диққат медиҳанд. Онҳо дар аксари маворид дар ҷустуҷӯи ҳалли мушкилот мешавад.

Дар муомила бо занон, мардон даррав ҳалли мушкилотро пешниҳод мекунанд, вале барои зан муҳимтараш то охир арз кардан аст. Ва мард бояд дар ин лаҳза на роҳи ҳалли мушкилотро пешниҳод созад, балки бо суханҳои "албатта ман мефаҳмам, ин барои ту бисёр душвор аст", ӯро ором кунад. Аз ин рӯ миёни зану мард нофаҳмиҳо сар мезанад.

Вале ба қавли равоншинос ҳастанд дар байни бонувон гурӯҳи заноне, ки мисли мардон дӯстӣ мекунанд, яъне онҳоро ягон фаъолияте бо дӯстонашон мепайвандаду халос, вале чунин занон дар дунё каманд.

Ва баръакс ҳастанд, мардоне, ки аз ҳад зиёд ба ҳиссиёт дода мешаванд ва онҳо метавонанд имсли занон барои бонувон дӯсти хубе шаванд.

Ба гуфти равоншинос ҳиссиёти баланди занон дар аксарияти маворид боиси канда шуднаи дӯстиашон мешавад.

"Пас аз дӯстии тӯлонии занон байни онҳо ҳасад пайдо мешавад ва дӯстиро решакан мекунад".

Коршинос мегӯяд, ки дӯстӣ байни зану мард танҳо дар сурате вуҷуд дошта метавонад, ки агар байни зану мард ягон алоқаи наздик ва ҳиссиёти шаҳвонӣвуҷуд надошта бошад.

"Ҳастанд мардоне, ки бо занон дӯст мешаванд вале ҳиссиёташонро намоиш намедиҳанд, то ӯро аз даст надиҳанд. Ва баръакс ҳастанд заноне, ки бо марде дӯстӣ доранду барои аз даст надодани дӯстиашон ба ӯ изҳори муҳаббат намекунанд",- мегӯяд коршинос ва илова мекунад ки дар бештари маворид дӯстии зану мард бо хонадоршавӣ анҷом меёбад.

Лентаи хабарҳо
0