Оташнишонҳо дар Маркази кӯдакони камтавон "198 кӯдакро аз сӯхтор наҷот доданд"

© Вазорати умури дохилаи ТоҷикистонМаросими зиддисӯхторӣ дар Маркази кӯдакони маъюби "Чорбоғ"
Маросими зиддисӯхторӣ дар Маркази кӯдакони маъюби Чорбоғ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Идораи кулли Хадамоти давлатии оташнишониии ВУД ҶТ барои пешгирӣ аз сӯхтор дар сохтмонҳои маскунӣ ва идорӣ тамринҳои оташнишонӣ баргузор мекунад. Чунончи, дар яке аз марказҳои кӯдакони камтавон "сӯхтор" шудаву оташнишонҳо барои наҷоти кӯдакон шитофтанд

ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Равобити умуми ВУД ҶТ иттилоъ медиҳад, ки дар Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони камтавон "Чорбоғ", ки дар ноҳияи Варзоб ҷой дорад, тамринҳои сӯхторнишонӣ баргузор кардаанд.

Чуноне ки дар ин гузориш гуфта мешавад, дар ин бунгоҳ ҳамакнун 98 кӯдаки камтавон (инвалид) будубош доранд, ки 225 корманди Маркази миллии тавонбахшӣ онҳоро дармону парвариш мекунанд.

"Ин тамринро коршиносони Раёсати кулли Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва дидбонгоҳи Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияи Варзоб ба роҳбарии сарҳанг Қутфиддин Салоҳиддинзода ташкил ва баргузор кардаанд",- гуфта мешавад дар гузориш.

Бино бар барномаи тамрини оташнишонӣ, гӯё дар хобгоҳи бунгоҳ, ки дар ошёнаи дувуми сохтмон ҷой дорад, беш аз 200 метри мураббаъ ҷой оташ гирифта аст.

© Вазорати умури дохилаЧорабинии мақсадноки зиддисўхторӣ
Чорабинии мақсадноки зиддисўхторӣ - Sputnik Тоҷикистон
Чорабинии мақсадноки зиддисўхторӣ

Ҳамзамон бо расидани хабари оташсӯзӣ ба Хадамоти давлатии оташнишонӣ, дастаҳои оташнишонии ин бунгоҳ бошандагонро зуд аз сохтмони оташгирифта берун оварда,  "осебдидагон"-ро ёрии аввалия тиббӣ расонида, онҳоро бо худравҳои ёрии таъҷилии пизишкӣ ба бемористон фиристоданд.

Ҳамзамон, дар кӯтоҳтарин фурсат ба ҷои сӯхтори шартӣ ҳафт худрави оташнишон бо нерӯҳо ва корафзорҳои оташнишонӣ, ҳамчунин хадамоту ниҳодҳои дахлдори ҳамоҳангсоз ҳозир гардиданд.

Бо ташкили Ситоди оташнишонӣ ва чаҳор минтақаи сӯхторнишонӣ ва бо истифода аз капсулҳои газу дуд, роҳҳои густариши сӯхторро дар сохтмон ба осонӣ пешгирӣ карда, онро дар як муддати кӯтоҳ дастаҷамъона хомӯш карданд.

Дар поёни ин тамринот муъовини аваали сардори СХДО ВКД сарҳанги милиса Қутфиддин Салоҳиддинзода машқи оташнишонии муштаракро хуб арзёбӣ кард.

Лентаи хабарҳо
0