Фурӯпошии хонаводаҳо 502 кӯдакро дар Суғд аз меҳри модару падар маҳрум кардааст

© SputnikСвященный праздник Ид аль-Фитр: как в Душанбе отметили Иди Рамазон
Священный праздник Ид аль-Фитр: как в Душанбе отметили Иди Рамазон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
НовостиTelegram
Аммо мегӯянд дар аксар ҳолат надоштани фарзанд далели вайрон шудани хонаводаҳо мешавад

ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Дар вилояти Суғд дар паи фурӯпошии 2109 хонавода 502  кӯдак аз парастории модар ва ё падар маҳрум мондаанд.

Аммо дар бисёре аз маворид далели аслии хонавайрон шудани хонаводаҳо надоштани фарзанд гуфта шудааст.

Муқаддама Ҳошимзода, раиси Идораи сабти аҳволи шаҳрвандон дар вилояти Суғд, дар нишасти расонаӣ хабар дод, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ 806 хонавода ба далели надоштани фарзанд ва 14 хонавода бо дархости яке аз ҳамсарон фурӯ пошидааст.

Ӯ гуфт: "Ҳамзамон 8 хонавода бо шаҳрвандони хориҷӣ бунёд ва ақдашон сабт шудааст. Ҳамчунин 24 хонавода, ки аз ҳамсарони хешованд ташкил шуда буданд, бо қарори додгоҳ ақдашон лағв шудааст".

Дар шаш моҳи соли равон дар вилояти Суғд 7505 хонавода бар по шуда ва ақдашон расман сабт шудааст.

Лентаи хабарҳо
0