Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Ҳамкориҳои ВМКБ ва Швейсария дар пешомадҳои изтирорӣ густариш меёбанд

© Фото : Пресс-служба правительства ГБАОПредседатель ГБАО Шодихон Джамшед , архивное фото
Председатель ГБАО Шодихон Джамшед , архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Раиси вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва намояндагони Дафтари кории Швейсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро роҳҳои густариши ҳамкорӣ дар пешомадҳои изтирориро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 2 авг – Sputnik. Раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед ва мудири Дафтари кории Швейсария дар Тоҷикистон Валбура Рос роҳҳои густариши ҳамкориҳо дар пешомадҳои изтирорӣ ва бартарафсозии пайомадҳои балоҳои табиъӣ дар Кӯҳистони Бадахшонро баррасӣ карданд.

Бино ба иттилоъи сухангӯи ҳукумати ВМКБ Нилуфар Асламшоева, дар ин дидор ёдоварӣ шуд, ки Дафтари кории Швейсария дар ҶТ соли 2010 дар шаҳри Хоруғ боз шуда ва ҳамакнун дар чорчӯби иҷрои Стратегияи рушд барои солҳои 2017 – 2020 фаъолият дорад. Ин Дафтар ҳамакнун дар Кӯҳистони Бадахшон 8 тарҳи гуногунро, аз ҷумла тарҳҳои обрасонӣ ва пуштибонӣ аз коҳиши таъсири балоҳои табиъӣ ба зерсохтори шаҳриро иҷро мекунад.

Ҳамчунин дар чорчӯби ҳамкориҳои Ситоди пешомадҳои изтирории ВМКБ ва созмони башардӯстонаи ФОКУС нақшаи манотиқи балохез дар шаҳри Хоруғ таҳия шуда, ки роҳнамое барои иҷрои Стратегияи рушди Дафтари кории Швейсария дар Тоҷикистон хоҳад буд.

Тарафҳо қарор доданд ҳамкориҳои дуҷонибаро дар дужомадҳои нобаюсида (ҳолатҳои фавқулода) ва бартарафсозии пайомадҳои балоҳои табиъӣ густариш диҳанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала