Модарони суғдӣ ба дидори фарзандони сарбозашон рафтанд

© SputnikРоссийско-таджикские учения на полигоне Фахрабад
Российско-таджикские учения на полигоне Фахрабад - Sputnik Тоҷикистон
Сӣ зане, ки писаронашон дар сафи Нерӯҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон хидмат мекунанд, ба дидори фарзандонашон рафтанд

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд, модарони сарбозонро дар ин сафар намояндагони бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, шуъбаи рушди иҷтимоъӣ ва робита бо ҷомеъа аз шаҳрдории Исфара ҳамроҳӣ карданд.

Модарони сарбозон дар ду рӯз аз 15 подгони низомӣ дар шаҳрҳои Душанбеву Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ боздид карданд.

Онҳо дар ин сафар бо фармондеҳони подгонҳои низомӣ ва фарзандонашон суҳбат карда, аз макони хидмату аҳволу шароити сарбозии писаронашон дар саффи Нерӯҳои мусаллаҳ огоҳ шуданд.

Манбаъ меафзояд, ки модарон дар ин сафар фарзандонашонро "бардаму солим, аз нигоҳи ҷисмонӣ обутобёфта ва бо чеҳраҳои хуррам" ёфтаанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала