Навори тирандозии “Банда GTA” дар додгоҳ

Ҳодиса рӯзи 1 август дар бинои додгоҳ ҳангоме рух дод, ки ду корманди интизомӣ панҷ нафар аз аъзоёни гурӯҳи GTA-ро мебураданд

Ба дасти аъзоёни ин гурӯҳ силоҳи кормандони интизомӣ афтод ва онҳо низомиёнро гаравгон гирифтанд. Гуфта мешавад, ки дар дохили бинои додгоҳ посбонон кам буданд ва қоидаҳои бехатарӣ риоя нашудаанд.

Дар паи задухӯрди мусаллаҳона се аъзои гурӯҳи GTA   ҳалок шуда, як тани дигар захмӣ гардид.
Корманди Гвардияи миллии Русия тир хӯрду ду милисаи рус ҷароҳат бардоштанд.

Пештар гуфта шуд, ки солҳои 2012-2014 дар вилояти назди Маскав гурӯҳе ёфт шуданд, ки ба кушторҳои вазнин даст мезаданд. ВАО-и Русия онҳоро бо номи бозии машҳури компютерӣ "банда GTA" ном доданд.

Мувофиқи маълумоти тафтишот соли 2012 Ибайдулло Субҳонов дар вилояти назди Маскав бандаи худро ташкил намуд. Бар таркиби он на камтар 15 аъзоён аз кишварҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбакистон дохил мешуданд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала