Рақси мардони тоҷикӣ бояд чӣ гуна бошад: Фарҳод Ҷомаҳмадзода

Фарҳод Ҷомаҳмадзода 21 июли соли 1993 дар деҳаи Яфраг аз рустоҳои ноҳияи Ваҳдат ба дунё омадааст. Падараш корманди бар ва модараш табиби мардумӣ будаву чаҳор хоҳар ва як бародар дорад

Фарҳод Малика Қаландароваро дар рақс беҳамто медонад ва Исмат Файзуллоевро устоди аввалини худ дар ин ҷода мешуморад. Вай мегӯяд, ки зеботарин рақси мардона ин рақси тоҷикӣ аст ва бархе аз ҷавононро, ки аз рақси лазгии мардумони Қафқоз тақлид мекунанд, маломат мекунад.

"Бештари ҷавонони мо ҳатто намедонанд, ки мо рақси мардонаи хуби тоҷикӣ дорем. Онҳо мехоҳанд аз мардумони Қафқоз тақлид кунанд, ки аз паст будани фарҳанг ва бехабар буданашон аз  рақси зебои мардонаи  тоҷикӣ дарак медиҳад", — бовар дорад Фарҳод.

Танцор Фарход Джомахмадзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Фарҳод Ҷомаҳмадзода: орзу дорам мисли Малика Қаландарова раққоси номӣ шавам

Либосҳои рақсии Фарҳодро тарроҳи тоҷик Ҳусайн медӯзад. Ӯ мегӯяд, либоси раққос набояд пур аз зару сим ва сангу гулдӯзӣ бошад.

"Ман ният дорам ҳамин рӯзҳо Тоҷикистон рафта як сару либоси мардонаи қадимӣ барои саҳна бидӯзонам, ки ҷома ва тоқӣ бе гулдузӣ бошад. Агар ҳам сару либоси рақсии духтарон ва ҳам мардон дар саҳна пуррангу симу зару гулдӯзӣ бошад, фарқ кардани раққосаву раққос душвор мешавад", — мегӯяд Фарҳод. Вай пешниҳод мекунад, ки рақсандаҳои тоҷик ё ансамблҳои рақсии Тоҷикистон бояд иҷрои рақсро дар навои даф ё худ "доира рақс" бештар кунанд.

Ӯ бар ин назар аст, ки давлати Тоҷикистон ба ҳунари рақс кам таваҷҷуҳ мекунад.

"Дар Тоҷикистон танҳо аз варзишу варзишкорон дастгириву пуштибонӣ мекунанд. Рақсандаҳову ҳунари рақсро ҳеч кас дастгирӣ намекунад. Ман боре ҳам надидаам, ки дар Тоҷикистон барномае куллан ба ҳунарнамоии раққосон ихтисос дода шавад. Дар саросари ҷаҳон ҷашнворҳои махсуси рақс баргузор мешаванд. Масалан, дар Русия зуд-зуд ҷашнвораҳои рақсӣ баргузор мешавад, ки як ансамбл камобеш даҳ гуна рақсро ба тамошобинон намоиш медиҳад", — гила мекунад Фарҳод ва пешниҳод дорад, ки дар Тоҷикистон ҳам ҷашнвораҳои рақс бештар шаванд.

"Ҷомеъаи Тоҷикистон ба рақси ҳирфаӣ таваҷҷуҳ намекунад, аз ин рӯ мардуми мо ба рақс ва махсусан рақси мардона назари танг доранд", — мегӯяд бо таассуф Фарҳод.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала