Фоҷиа дар Суғд: саг ҷони кӯдаки шашсоларо гирифт

Кӯдаки шашсолае дар Суғд дар паи ҳуҷуми саг ҳалок шуд

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии ВКД, ин ҳодиса дирӯз, 2 август ба вуқӯъ пайвастааст.

Манбаъ меафзояд, ки тахминан соати 09:30 писарбачаи шашсолаи сокини маҳаллаи Темурмалики ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар назди ҳавлиаш бозӣ мекард.

"Ногаҳон саг ба ӯ ҳамла карда, як маротиба аз бари рӯй ва тахтапушташ газидааст", — омадааст дар иттилоиъя.

Дар натиҷа ин кӯдак ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала