Тӯҳфаи Эмомалӣ Раҳмон ва писараш ба бошандагони шаҳри Душанбе

© Flickr / Официальный сайт президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон и мэр Душанбе Рустам Эмомали
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и мэр Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Майдони варзишӣ ва фарҳангию фароғатӣ барои сокинони шаҳраки 104-уми ноҳияи Синои пойтахт тӯҳфаи Эмомалӣ Раҳмон ва Рустам Эмомалӣ дар Соли ҷавонон мебошад

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии шаҳрдорӣ, рӯзи 1 август дар шаҳраки 104-уми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе майдони варзишӣ ва фарҳангию фароғатӣ ифтитоҳ гардид, ки барои истироҳату фароғат ва варзишу бозии кӯдакон шароит фароҳам кардааст.

Ин майдонро шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ ифтитоҳ кард.

© Фото : Аз равобити умумии шаҳрдорӣМайдони варзишӣ дар ноҳияи Сино
Майдони варзишӣ дар ноҳияи Сино - Sputnik Тоҷикистон
1/2
Майдони варзишӣ дар ноҳияи Сино
© Фото : Аз равобити умумии шаҳрдорӣМайдони варзишӣ дар ноҳияи Сино
Майдони варзишӣ дар ноҳияи Сино - Sputnik Тоҷикистон
2/2
Майдони варзишӣ дар ноҳияи Сино
1/2
Майдони варзишӣ дар ноҳияи Сино
2/2
Майдони варзишӣ дар ноҳияи Сино

Иншооти варзишӣ аз майдончаи универсалӣ барои бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол, майдончаи бозию дилхӯшии кӯдакон, муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ, нишастгоҳҳо барои истироҳату фароғати сокинон, айвон барои гузаронидани расму анъана ва чорабиниҳои оммавӣ ва нишасткурсиҳои сершумор дар атрофи майсазорҳо иборат мебошад.

Рустам Эмомали проверяет работу системы электронного платежа - Sputnik Тоҷикистон
Рустам Эмомалӣ ҷануб ва ғарби Душанберо мепайвандад

Масоҳати умумиаш 5792 метри мураббаро дар бар гирифтааст.

Сохтусози ин ҷойгоҳ аз  ҷониби корхонаи воҳиди давлатии "Сементи Тоҷик" бо маблағи беш аз як милюну 50 ҳазор сомонӣ анҷом дода шудааст.

Манбаъ меафзояд, ки ин фароғатгоҳ дар доираи омодагиҳо ба таҷлили 26-умин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, Соли ҷавонон ва 20-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ ба истифода дода шудааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала