ВУД: Муноқишаи ду мард дар ноҳияи Дӯстӣ бо кордкашӣ анҷом ёфт

© Sputnik Mish SukharevНож, архивное фото
Нож, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Марди гумонбаршуда нахуст ба хонаи ҷабрдида омада, бо соҳибхона муноқиша мекунад, сипас кардеро гирифта ба вай чанд маротиба зарба мезанад

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Вазорати умури дохила мегӯяд, ҷангу ҷанҷоли ду мард дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон бо кордкашӣ анҷом ёфтааст. Бино бар иттилои манбаъ, милисаи ноҳияи Дӯстӣ, марди 42-солаи сокини ҳамин ноҳияро, ки пештар бо моддаҳои 244 ва 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба додгоҳ бурда шудаст, бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда. 

Гуфта мешавад, номбурда, дар ҳавлии истиқоматии марди 63-солаи сокини кӯчаи Б.Ғафурови ҳамин ноҳия бо соҳибхона муноқиша намуда, бо корди дар дасташ буда, якчанд маротиба ба узвҳои бадани ӯ задааст.

Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Бо далели ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0