Мақомоти Суғд гурехтан аз андоз ва нархгузории корҳои сохтмониро баррасӣ карданд

© SputnikСтроительство нового дома в Душанбе
Строительство нового дома в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Масъулини соҳаи сохтмон ва меъморӣ дар вилояти Суғд масоили нархгузорӣ дар корҳои сохтмониро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии мақомоти вилояти Суғд ин ҷаласа дар маҷлисгоҳи ин ниҳод бааргузор шудааст.

Дар кори он Низом Юсуфӣ  муовини раиси Кумитаи меъморӣ, Файзалӣ Раҷабов раиси Ассотсиатсияи сохтмончиён, Абдураҳмон Раҳим директори "Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон", муовинони раисони шаҳру навоҳӣ, сохтмончиён, фармоишгарон ва лоиҳакашон оид ба Қарори ҳукумат "Дар бораи Қоидаҳои нархгузории корҳои сохтмонӣ" ширкат кардаанд.

"Ҷаласаро муовини раиси кумитаи меъморӣ Низом Юсуфӣ ҳусни оғоз бахшида, оид ба қарори баррасишуда, манфиати он ба сохтмончиён, хароҷоти нархгузорӣ, гурехтан аз андоз ва кам нишон додани маоши сохтмончиён, фонди роҳ ва дигар масъалаҳои марбута ибрози андеша кард", — омадааст дар хабарнома.

Абдураҳмон Раҳим директори корхонаи воҳиди "Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон" зимни суханронӣ дар бораи Қарори ҳукумат "Дар бораи Қоидаҳои нархгузории корҳои сохтмонӣ", ки 29 июни соли 2017, таҳти № 324 ба тасвиб расидааст, маълумоти муфассал дод.

Тандыр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар мактабҳои Суғд ҳудуди 900 танӯр ва 1000 оташдон насб шуданд

Абдураҳмон Раҳим нуктаҳои асосии карорро шарҳ дода, дар бораи муқаррароти умумӣ, мафҳумҳои асосии он, вазифа ва ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, вазифаҳои вазорату идораҳо ва субъектони фаъолияти шаҳрсозӣ маълумоти пурра дод.

Манбаъ меафзояд, ки масъулин ба пурсишҳои сохтмончиён ва фармоишгарон доир ба тарзи омода гардидани Низомнома дар ҳайати 15 вазорату идораҳои дахлдор, мониторинг, таснифи рамзҳо, минбаъд пешниҳоди рӯйхати корхонаҳои калону миёна, махзани муайяни низоми нархгузорӣ, таснифи рамзҳоро баррасӣ карданд.

Ҳамчунин масъулин ба саволҳои ҳозирин дар бораи ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо дигар давлатҳои тараққикарда, ба танзим даровардани корҳои сохтмонӣ,  нархҳои устувор ва ғайриустувор, тарзи истифодабарии системаи автоматикунонидашуда,  аз экспертиза гузаронидани лоиҳа ва риояи талаботи корҳои сохтмонӣ, мӯҳлати ба истифода супоридани иншоот ва камбудиҳо дар он ҷавобҳои мушаххас доданд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала