Худоро шукр, ки духтар надорам!

© PixabayМодар ва духтар. Акс аз бойгонӣ
Модар ва духтар. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ман ҳар рӯз Худоро шукр мегӯям, ки модари духтар нашудам - модари духтаре, ки бегуноҳ хору зораш мекунанду ранҷу озораш медиҳанд

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik, Ирода Ҷалил. Ман ҳаргиз орзу надоштам духтардор шавам. Намехостам духтаре дошта бошам, ки навозишаш кунаму мӯйҳои зебояшро шона карда, атрашонро нафас мекашидам. Нозҳояшро мебардоштаму сахт дар оғӯшаш мегирифтам.

Духтаре, ки бо ҷону дил хӯрок пухтанро ёд мегирифту чойрезаки модар мешуд, аз эҳососоташ ба ман мегуфт, агар гиря мекардам, ашкҳоямро пок мекард ва куллан дугонаи ҷонии модараш мебуд.

Вале ман ҳаргиз орзу надоштам духтардор шавам. Духтаронро дӯст намедорам. Дӯсташон надорам, зеро…

Ман дар деҳае дар атрофи Боку ба дунё омадаам. Дар муҳите бузург шудаам, ки пур аз мамнуъиятҳост: "Ту духтар ҳастӣ, чунин напӯш, аз хона берун нарав! Мактаб нарав, бас аст, ту духтарӣ! Ту духтар ҳастӣ, охир мардум чӣ фирк мекунанд!… Ту духтар ҳастӣ, 23 сола шудиву шавҳар надорӣ. Охир пирдухтар мемонӣ! Ту духтар ҳастӣ, охир ту наметавонӣ бо писарҳо дӯстӣ кунӣ!… Охир ту духтарӣ, бо садои баланд наханд…. охир ту духтарӣ, хомӯш бош…"

Дар ҳар як қадаме сарзанишу накӯҳиш мешунидам, танҳо ба ин иллат, ки духтар ҳастам. Ман ҷавонеро дӯст доштам, вале маро гуфтанд: "Магар шарм намедорӣ, охир ту духтар ҳастӣ, чаро ошиқ шудӣ?".

Министр обороны Таджикистана на встрече с курсантами - Sputnik Тоҷикистон
Рамазон Раҳимзода хостори баланд бардоштани мақоми зан шуд

Ман кӯшиш мекардам, ки соҳиби маълумоти олӣ шавам, вале маро мегуфтанд: "Ту рӯзи дароз дар донишгоҳ гум мешавӣ, мардум чӣ фикр мекунанд?". Ман кор мекардам ва боз ҳам ба ман такрор мекарданд: "Ту рӯзноманигор шудӣ, мардум чӣ фикр мекунанд?".

Аз ин сарзанишҳо чунон хаста шудам, ки духтар буданро бо ҳама ҳастиям бад дидам ва қарор додам, ки ҳаргиз духтардор нахоҳам шуд.

Ман хонадор шудаму чархаи дигаре аз накӯҳишу сарзаниш оғоз шуд — "зан набояд кор кунад", "ту бояд чунон хомӯш бошӣ, ки касе садоятро нашунавад ", "занро ба кори мардон чи кор аст". Ту зан ҳастӣ ва бояд сабр кунӣ — ҳам бенавоиву ҳам гуруснагии фарзандонро. Ту зан ҳастӣ — гузашт кун, гӯш кун… бигзор лату кӯбу хору зорат кунанд — ту хомӯш бош.

Ман аз шавҳарам ҷудо шудам. Ва боз ҳам гирифтори маломат шудам: "Охир ту бева ҳастӣ, ту набояд пироҳани кӯтоҳ пӯшӣ", "ту ки бева ҳастӣ, бояд зудтар хона баргардӣ", "ту бва ҳастӣ, бо мардон гуфтугӯ накун ", "ту ки бева ҳастӣ, ҳама гумон мекунанд, ки дигар чизе пеши роҳи туро намегирад…".

Агар аз шавҳар ҷудо шуда бошӣ, пас бероҳа ҳастӣ, агар бева мондӣ, пас каси дигаре дорӣ, агар бева бошиву дар корат пешрафт кунӣ, пас ҳатман марде кумакат кардааст…

Донишҷӯи тоҷик “дилработарин зан” дониста шуд. Дар озмуни зебоӣ

Ту аз шавҳарат ҷудоӣ? Пас ту бадахлоқ ҳастӣ, пас ҳаққ надорӣ ошиқ шавӣ.

Агар бева мондаву ду кӯдак дошта бошӣ, пас набояд дигар бо касе равобит барқарор кунӣ, то касе ба фарзандонат нагӯяд, ки модаратон зани бероҳа аст.

Агар аз ҳамсарат ҷудо шуда бошӣ, пас нанге бар домани фарзанднат ҳастӣ ва онҳо ки бузург шуданд, ҳатман бо нафрату бадбинӣ бо ту бархӯрд хоҳанд кард. Агар аз шавҳар ҷудо бошӣ, пас овозатро баланд накун, инро набояд касе донад.

Ман ҳаргиз орзу надоштам духтардор шавам. Духтаронро дӯст намедорам. Ман танҳо мондам, мехостам худкушӣ кунам, чунки зан ҳастам…

Ман намехостам, ки соҳиби духтаре шавам. То мӯйҳои зебояшро шона кунаму атрашонро нафас кашам. Маро чи дар кӯдакиям ва чи дар ҷавониву миёнсолиям бисёр хору зор карданд, дилшикаставу афгор карданд, танҳо гузоштанд, баду бероҳу нодаркор хонданд.

Ман намехостам духтардор шавам ва Худоро сипосгузор будам, ки маро духтар надод. Ҳар рӯз Худоро шукр мегуфтам, ки модари духтар нашудам. Зеро ӯ маро аз балои бузурге раҳо кард. Ман ҳаргиз орзу надоштам духтардор шавам. Духтаре дошта бошам, ки монандам бошаду сиёҳмӯйу мешчашм бошад, ширинзабону шакаргуфтор бошад…

Худоро шукр, ки ман духтар надорам!

Лентаи хабарҳо
0