Тоҷикистону Афғонистон шаҳрвандони зиндонияшонро аз якдигар бозпас мегиранд

© МИД АфганистанаПосол РТ в ИРА Шарофиддин Имомов и глава МИД Афганистана Салахуддин Раббани
Посол РТ в ИРА Шарофиддин Имомов и глава МИД Афганистана Салахуддин Раббани - Sputnik Тоҷикистон
Сафири Тоҷикистон дар Кобул дар дидор бо вазири умури хориҷаи Афғонистон раванди иҷрои созишномаи вопасдоди зиндониёни ду кишварро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Афғонистон Шарофиддин Имомов дар Кобул бо вазири умури хориҷаи Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ раванди иҷрои созишномаи вопасдоди зиндониёни ду кишварро баррасӣ кард.

Мулоқоти Колоколтсев бо Рамазон Раҳимзода - Sputnik Тоҷикистон
Мулоқоти Раҳимзода бо Колоколтсев: аз мубориза бо терроризм то истирдод

Ба гузориши дафтари иттилоърасонии ВУХ Афғонистон, дар ин дидор ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаҳои иқтисодӣ ва консулӣ, аз ҷумла иҷрои созишномаи вопасдоди зиндониён ва дидорҳои расмии мақомоти ҶИА ва ҶТ аз кишварҳои ҳамдигар баррасӣ шудаанд.     

Дар ин мулоқот Тоҷикистону Афғонистон барои вопас додани бархе аз базаҳкорони зиндонӣ ба якдигар ба мувофиқа расиданд.

Бар пояи иттилоъи мақомоти тоҷик, то оғози соли 2016 дар зиндонҳои Афғонистон камубеш 20 шаҳрванди Тоҷикистон, аз он ҷумла 7 зан бо фарзандонашон, зиндонӣ буданд.

Сафорати Афғонистон дар Душанбе иттилоъ дода, ки ҳамакнун беш аз 90 шаҳрванди ҶИА дар зиндонҳои Тоҷикистон зиндонӣ аст. Бисёре аз онҳо барои қочоқи маводди мухаддир ва марзшиканӣ боздошт ва зиндонӣ шудаанд.

Бино бар созишномаи вопасдоди зиндониён, ки вазоратҳои умури хориҷаи ҶТ ва ҶИА дар соли 2010 имзо ва маҷлисҳои қонунгузори ду кишвар тасвиб кардаанд, зиндониён танҳо бо ризояти худ барои гузарондани боқимондаи маҳкумият ба кишварашон бозпас фиристода мешаванд.

Дар чорчӯби ин созишнома дар соли 2013 як гурӯҳи 14-нафарии зиндониёни афғонистонӣ аз зиндонҳои Тоҷикистон ба кишварашон бозпас дода шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала