Эмомалӣ Раҳмон омӯзгорон ва волидони ноҳияи Хуросон ва Ҷомиро сарзаниш кард

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳу сифати таълим дар ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Хуросони вилояти Хатлон изҳори нигаронӣ карда гуфт, падару модарон ва омӯзгорон ба тарбияи фарзанд кам аҳамият медиҳанд

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар рафти сафари кориаш ба ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Хуросон бо фаъолону роҳбарони ин минтақа мулоқот кард.

Тавре дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад, кишвардори Тоҷикистон ҳини суханрониаш тамоми соҳаҳои муҳимтарини ин ду ноҳияро — аз  таъмину таҷдиди роҳ сар карда, то саноат, кишоварзӣ ва моҳипарварӣ таҳлилу баррасӣ кард ва сатҳу сифати таълимро дар ин минтақаи Хатлон махсус таъкид кард.

Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд, ки тайи 10 соли охир барои таъмин намудани пешрафти иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз ҳисоби буҷаи давлат 620 милюн сомонӣ ҷудо шудааст.

Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Хуросон - Sputnik Тоҷикистон
Сафари корӣ идома дорад: раисҷумҳур ба ноҳияи Хуросон рафт

"Дар 15 соли охир дар ноҳия барои сохтмон ва таъмири муассисаҳои таълимӣ, рушди устувори соҳаи кишоварзӣ, барқарорсозии иншооти обрасонӣ ва обёрии заминҳо, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва  рушди деҳот 6 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии зиёда аз 35 миллион сомонӣ татбиқ шудааст",- гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Раисҷумҳур ёдовар шуд, ки тӯли 15 сол дар ноҳи Хуросон барои таъмини соҳаи маориф, кишоварзӣ ва идроракунии захираҳои об 12 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи зиёда аз 50 милюн пешбинӣ шудааст.

Раисҷумҳур гуфт, дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҳарчанд дастовардҳои назаррас дар соҳаи кишоварзӣ дорад, вале то ҳол аз ҳамаи имкониятҳое, ки ҳаст истифода бурда намешавад.

"Гарчанде имсол кишти шолӣ зиёд шудааст, вале то ҳанӯз иҷрои нақшаи дурнамо таъмин нагардидааст. Инчунин, соли ҷорӣ назар ба ҳамин давраи соли гузашта майдони кишти картошка 32 фоиз, истеҳсоли он 1600 тонна ва пилла 6 тонна кам шудааст",- изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Эмомалӣ Раҳмон дар рафти суханронии худ аз сатҳу сифати таълим дар ду ноҳия махсус ёдоварӣ кард.

"Солҳои охир бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил ва таъмини муассисаҳои таълимии мамлакат, аз ҷумла ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Хуросон бо китобҳои дарсӣ, лавозимоти хониш ва техникаву технологияҳои муосир корҳои назаррас анҷом дода шудаанд",- қайд кард вай.

Ба гуфти Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маорифи ноҳияи Хуросон 12 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардида бошад, пас ин нишондиҳанда  дар соли ҷорӣ  ба 30 миллион  сомонӣ расидааст.

"Дар робита ба ин, Вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Хуросон вазифадоранд, ки барои зиёд намудани шумораи муассисаҳои томактабӣ, аз ҷумла муассисаҳои таълимии хусусӣ, беҳтар намудани сифати таълиму тарбия ва ҷалби омӯзгорон ба курсҳои такмили ихтисос тадбирҳои иловагӣ андешида, ҷиҳати таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои соҳаи омӯзгорӣ, хусусан, омӯзгорони забонҳои хориҷӣ ва фанҳои дақиқ чораҷӯӣ намоянд",- изҳор дошт вай.

Раисҷумҳур илова кард, ки сатҳу сифати таълим дар ҳар ду ноҳия ҳам ба талабот ҷавобгӯй набуда, "падару модарон, омӯзгорон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба тарбияи фарзандон кам аҳамият медиҳад".

Эмомалӣ Раҳмон аз қонуни "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" низ ёдовар шуд, ки ба гуфтаи вай дар ин ноҳия кам ташвиқот бурда мешавад.

Ба гуфтаи кишвардори Тоҷикистон, як далели иштирок накардани фарзандон дар озмунҳо ва чорабиниҳои фарҳангӣ ин ба тарбияи фарзандон кам шудани таваҷҷӯҳи волидайн мебошад.

Кишвардори Тоҷикистон дар охир сокинони ду наҳияро бо ҷашни истиқлол муборакбод гуфт ва барояшон муваффақиятҳо таманно кард.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала