Садамаи мудҳиш дар Бишкек: ҳалокати духтари 19-сола ва захмӣ шудани 20 кас

Ронандаи худрави Volkswagen Transporter қоъидаи ҳаракат дар роҳро нақз карда бо минибуси мусофирбари Mercedes-Benz бархӯрд кард

Ин сонеҳа дар яке аз хиёбонҳои шаҳри Бишкек — пойтахти Қирғизистон рух додааст.

Бино бар додаҳои бозрасии муқаддамотӣ, ронандаи Volkswagen Transporter қоъидаи ҳаракат дар роҳро вайрон кардаст. Ӯ чароғи сурхро нодида гирифта бо суръат ҳаракатро идома додааст. Дар натиҷа худрав бо минибуси мусофирбари Mercedes-Benz бархӯрд карда онро чаппагардон кардааст.

Дар натиҷаи ин садамаи нақлиётӣ, духтари 19-солае ҷон бохта ва 20 каси дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала