Оё дар Ислом ошиқӣ ҷоиз аст?

Як корбари сомонаи Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар мактубе аз уламо пурсон шудааст, ки дар Ислом ошиқӣ ҷоиз аст ё на

ДУШАНБЕ, 10 авг- Sputnik. Шодибек ном корбари сомонаи Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз кормандони марказ дар бораи роиҷ будан ё набудани ошиқӣ дар Ислом пурсон шудааст.

Нобурда менависад: "Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳу ва баракотуҳу. Оё дар Ислом ошиқӣ ҷоиз аст?".

Корбари сомона саволи худро мушаххас накардааст ва тахмин меравад, ки манзураш фаҳмидани он, ки пеш аз никоҳ зану мард  мулоқот карда метавонанд ё на.  Шурои уламои Тоҷикистон чунин посух медиҳад:

— Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз,аз нигоҳи дини Ислом ошиқӣ ва муносибати номашруъ бо номаҳрам амали ҳаром аст. Шариат барои баровардани ниёзҳои фитрииинсон никоҳ ва издивоҷро муқаррар  намудааст,  ки  ӯро ҳам аз ваҳшати танҳоӣ раҳо месозад ва ҳам аз ҳар гуна беиффатӣ, тардоманӣ ва лаззатҷӯиҳои номашруъ нигаҳ медорад. Расули Худо (с) ба ҷавонон чунин хитоб фармудаанд: "Эй гурӯҳи ҷавонон! Ҳар касе аз шумо тавони издивоҷ кардан дошта бошад, ин корро бикунад, зеро издивоҷ боиси сукунати чашму қалб ва ба вуҷудорандаи иффат аст ва ҳар касе наметавонад издивоҷ кунад, бояд ба рӯза чанг бизанад, зеро рӯза барои ӯ паноҳгоҳест, ки тақво меорад". (Ривояти Бухорӣ)

Аз нигоҳи дини Ислом ишқи поку самимӣ пас аз никоҳ бо ҳамсари худ сурат мегирад, ки он дар асоси меҳру муҳаббат, раҳму шафқат ва эҳсоси масъулият зиндагиро пеш бурдан ва фарзандони солеҳу солим тарбият кардан аст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала