Як садама ва 7 осебдида: аз зарби садама худрав ба пиёдароҳа парид

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар шабакаи You Tube навори садамаи мудҳише, ки дар вилояти Маскав рух дода буд, нашр гардид. Дар натиҷаи ин садама 7 кас осеб дидаанд

Ронандаи такси мехоста ба самти чап бичархад, ки худрави дигаре бо суръати боло ба сӯяш ҳаракат кард. Ду автомобил ба ҳам бархӯрданд.

Дар натиҷаи ин садама яке аз худравҳо ба пиёдароҳа парид ва 7 роҳгузареро, ки сабз шудани чароғи раҳнаморо интизор буданд, пахш кард.

Яке аз осебдидагон, ки кӯдаки хурдсол аст, дар Шуъбаи эҳё бистарӣ шудаст.

Лентаи хабарҳо
0