Ҳушдор аз тундбоду ҳавои гардолуд дар Тоҷикистон: аз 11 то 13 август

© Фото : Мунаввара РахмоноваПесчаная буря в Душанбе
Песчаная буря в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон ба огоҳии шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки ҳаво дар қаламрави ҷумҳурӣ се рӯз гардолуд хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Ин ниҳод иттилоъ медиҳад, ки сар аз 10 август ҳаво дар паи вазиши тундбод пур аз гарду ғубор хоҳад шуд.

Бар асоси пешбинии ин бунгоҳ, чангу ғубор асосан дар манотиқи ҷанубӣ ва ноҳияҳои тобеъи марказ ҳаворо гардолуд мекунад.

Ин вазъ ду рӯз идома ёфта, пас аз он дар бархе аз минтақаҳои кишвар бориши борон пешбинӣ мешавад.

Жара в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Гармии тоқатфарсо: боду ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

Дар ин муддат гармо 1 — 2 дараҷа камтар хоҳад шуд.

Дар робита бо ин вазъ Созмони ҳавошиносӣ ба огаҳии шаҳрвандон, бавижа касоне, ки аз бемории дилу рагҳо ва дастгоҳи нафаскашӣ ранҷ мекашанд, мерасонад, ки аз 11 то 13 август то ҳадди имкон аз хона берун наоянд.

Манбаъ меафзояд, ки 13 август ҳаво муътадил хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0