Ҳаштсад ҷаҳонгард шаҳри Хуҷандро интихоб карданд

© Sputnik / Стас ЭтвешГостиница Бахористом в городе Худжанд, архивное фото
Гостиница Бахористом в городе Худжанд, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар шаш моҳи соли 2017 аз шаҳри Хуҷанд ва Осорхонаи торихии вилоти Суғд беш аз 800 гардишгари хориҷӣ боздид кардааст

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии мақомоти вилояти Суғд, дар нимсолаи аввали соли 2017 беш аз 26 ҳазор кас аз Осорхонаи торихии вилояти Суғд боздид кардааст.

Ба гузориши манбаъ, аз ин шумор беш  аз 800 касашон шаҳрвандони хориҷӣ будаанд.

Сафар ба Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Сайёҳ: маро дар Тоҷикистон бепул савор карданд ва ройгон сер карданд

Манбаъ бо такя ба Маҷмааи торихию фарҳангии "қалъаи Хуҷанд" иттилоъ медиҳад, ки дар ин давра аз осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомот 4301 гардишагар ва аз Хона-музеи Камоли Хуҷандӣ 5647 гардишгар боздид кардаанд.

Дар маҷмуъ аз осорхонаи торихӣ, осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомот ва Хона — музеи Камоли Хуҷандӣ 36023 гардишгар боздид кардааст.

Чанде пеш блогнависи амрикоӣ Дрю Бинскиро Тоҷикистон чунон шефта карда буд, ки намедонист кадом вижагияшро бештар писандидааст — табиъаташро, фарҳангашро ё меҳмоннавозии мардумашро?

Ин ҷаҳонгард аз шаҳри Хуҷанд ҳам дидан карда буд. Ӯ ба гардишгарон тавсия дод, ки ҳатман бояд аз бозори суннатии шаҳри Хуҷанд боздид кунанд.

Лентаи хабарҳо
0