Наҷотдиҳандагони тоҷик аз Куреи Ҷанубӣ корафзорҳои фаннӣ дарёфт карданд

© КЧС ТаджикистанаКЧС Таджикистана передана новая медицинская техника
КЧС Таджикистана передана новая медицинская техника - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Кумитаи авзоъи изтирорӣ ва дифоъи ғайринизомии Тоҷикистон аз ҳукумати Ҷумҳурии Куреи Ҷанубӣ дастгоҳу таҷҳизоти ёрирасонии пизишкӣ дарёфт кард

ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Дар маросиме, ки имрӯз дар дафтари Кумита баргузор шуд, ин корафзорҳоро сафири Тоҷикистон дар Куреи Ҷанубӣ Ю. Шарифзода ба раҳбарону кормандони он супурд.

Рустам Назарзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Сипаҳбад Назарзода: беш аз 280 минтақаи балохез дар кишвар шиносоӣ шуд

Бино ба гузориши равобити умумии Кумита, ин кумакҳо бебозгашт буда, аз корафзорҳои пизишкӣ ва барқафзорҳои манекенӣ, ҷаъбаҳои кумакҳои аввалия, торларзабарҳо (дефибриллятор), дастгоҳҳои тапишсоз (кардиостимулятор), термосканҳо, занбарҳои мутаҳаррик ва ғайра иборат ҳастанд.

Бо ин таҷҳизот бемористони ҳарбӣ ва воҳидҳои наҷоти Кумита муҷаҳҳаз карда хоҳанд шуд.

Дар ин маросим роҳбарии Кумитаи авзоъи изтирорӣ аз ҳукумати Куреи Ҷанубӣ сипосгузорӣ кард ва хостори густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии пешомадҳои фавқулода шуд.

Лентаи хабарҳо
0