Ҳамкориҳои гумрукии Тоҷикистону Эрон афзоиш меёбанд

© Фото : ParstodayОткрытие в Таджикистане постоянной выставки иранской продукции
Открытие в Таджикистане постоянной выставки иранской продукции - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон санади густариши ҳамкориҳои гумрукии Тоҷикистон бо Эронро тасвиб кард

ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Бар асоси дастури раисҷумҳури Тоҷикистон, раиси Хадамоти гумруки ҶТ Абдулфаттоҳ Ғоиб муваззаф шудааст то ёддошти тафоҳум барои иҷрои тавофуқномаи дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон дар бораи беҳтар иҷро шудани қавонини гумрукӣ дар кишварҳои якдигарро ба имзо расонад.

Усмонали Усмонзода. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Нишасти Кумисюни муштараки Тоҷикистону Эрон баргузор мешавад

Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин масъулини Вазорати умури хориҷаро муваззаф кардааст, ки замону макони имзо шудани ин санадро бо тарафи эронӣ ҳамоҳанг кунанд.

Ин дастур дар ҳоле дода шуд, ки сатҳи равобити ду кишвар ба поинтарин ҳадд расидааст.

Лентаи хабарҳо
0