Дар шаҳри Турсунзода марде ҳамсарашро бо болишт буғӣ карду кушт

© APЗадержание, архивное фото
Задержание, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Шавҳар пас аз ҷанҷол бо ҳамсараш бо истифода аз болишт вайро нафасгир карда, ба ҳалокат мерасонад

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки  аз ҷониби кормандони милитсия марди 49-солаи сокини шаҳри Турсунзода, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор дастгир карда шуд. 

Бино бар иттилои манбаъ, номбурда, рӯзи 9-уми августи соли 2017, тахминан соати 16:00-дақиқа, дар хонаи истиқоматиаш бинобар сабаби муноқишаи оилавӣ бо ҳамсараш, зани 46-сола ҷангу ҷанҷол карда, ӯро бо болишт буғӣ карда, ба ҳалокат расонидааст. 

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала