Кӣ ҷои Андрей Малаховро дар барномаи "Пусть говорят" гирифт

Яке аз масъулини барномаи "Пусть говорят", ки ҳангоми ба наворгирии барномаи навбатӣ ширкат доштааст нақл кард, ки кӣ ба ҷои Андрей Малахов муҷрии барномаи "Пусть говорят" шуд

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Хабаргузории РИА Новости бо такя ба яке аз масъулини барнома Влад Лисоветс хабар медиҳиад, ки муҷрии нави барномаи "Пусть говорят" Дмитрий Борисов шуд.

Ба қавли Лисоветс ба меҳмонони барномаи нав аз кор рафтани Андрей Малахов ва  ивазшавии муҷриро нафаҳмониданд.

"Муҷрии нави барнома Дмитрий Борисов шуд. Меҳмонон, ҳайъати барномасозон ҳама дар ҷояшон, фақат Андрей Малахов нест. Чизе ҳам нагуфтанд, мо фирк кардем, ки сюрприз мешавад ва Андрей дар охир мебарояд, вале чунин нашуд", — нақл кард мусоҳиб.

Андрей Малахов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Андрей Малахов аз барномаи "Пусть говорят" рафт

Пештар РИА Новости хабар дода буд, ки ҳамаи ҳайъати гурӯҳи кории "Пусть говорят" ҳамроҳи Малахов барномаро тарк мекунанд. Аризаи ҳайъати гурӯҳи корӣ аллакай имзо шудааст. Вале дар бораи аризаи Малахов хабаре нест.

Пештар хабар дода шуд, ки муҷрии барномаи пурбинандаи телевизюнии "Пусть говорят" Андрей Малахов аз "Шабакаи аввал" ба "Шабакаи давлатии родютелевизюни саросарии Русия" ё ВГТРК мегузарад. Инак манбаъе огоҳ аз ин қазия иттилоъ дода, ки муҷрии барномаи "Пусть говорят" Андрей Малахов аризаи истеъфояшро ба мудирияти Шабакаи аввал додааст.

Ҳунарпеша Станислав Садалский дар мусоҳиба бо родюи "Говорит Москва" гуфта, ки ӯро ба филмбардории барномаи "Падруд, Андрей" даъват кардаанд, вале даъватро напазируфтааст.

Дар шабакаҳои иҷтимоъӣ номзадҳои ҷойгузинаш низ пайдо шудаанд. Гуфта мешуд, ки агар Андрей Малахов аз ин барнома биравад, ҷояшро метавонанд муҷрии барномаҳои иҷтимоъӣ Дмитрий Шепелев, муҷрии барномаҳои хабарӣ дар "Шабакаи аввал" Дмитрий Борисов ва ё муҷрии шабакаи телевизюни шаҳри Красноярск Александр Смол бигиранд.

Дар барномаи "Пусть говорят", ки дар Тоҷикистон ҳам бисёр бинандаву тарафдор дорад, маъмулан мавзуъҳои муҳиме чун падидаҳои иҷтимоъӣ ва равобити байналмилалӣ матраҳ ва баррасӣ мешавад. Шаҳрвандони Тоҷикистон низ чанд бор қаҳрамони ин барнома шудаанд.   

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала