Сафорати Тоҷикистон: ФСБ ба мо иттилоъ надодааст

© Commons.wikimediaПосольство Таджикистана в Москве, архивное фото
Посольство Таджикистана в Москве, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Созмони амнияти Русия (ФСБ) ҷангҷӯёни созмони теруристии "Давлати исломӣ"-ро дар Маскав дастгир карда, ки гуфта мешавад се тан аз онҳо шарҳвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Сафорати Тоҷикистон дар Русия иттилоъ надорад, ки оё дар миёни ҷангҷӯёни дастгиршуда шаҳрвандони ҶТ ҳастанд ё нестанд.

Кормандони Созмони федеролии амнияти Русия (ФСБ) чаҳор узви як гурӯҳи теруристиро дастгир карданд, ки қасд доштанд дар шаҳри Маскав чанд амалиёти ҳаросафканӣ анҷом диҳанд. Яке аз ин дастгиршудаҳо шаҳрванди Русия буда ва се кас ҳам шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфта шудаанд.

Флаг группировки Исламское государство (запрещена в РФ), архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба ДОИШ пайвастааст

Ин гурӯҳ қасд дошта дар созаҳои таробарӣ (истгоҳҳои қатор, метро) ва фурӯшгоҳҳои бузурги Маскав ҳамлаҳои маргбор анҷом диҳад.

"Сафорати Тоҷикистон аз ниҳодҳои амниятӣ ва интизомии Русия дар ин мавзуъ ҳеч иттилоъе дарёфт накардааст. Моро муталеъ накардаанд, ки оё дар миёни дастгиршудагон шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд ё нестанд", — гуфтанд дар бахши равобити умумии сафорати Тоҷикистон.

Кормандони сафоратҳои Узбакистон ва Қазоқистон ҳам натавонистанд бигӯянд, ки оё дар миёни дастгиршудагон шаҳрвандони он кишварҳо ҳастанд ё нестанд.

Ёдоварӣ мекунем, ки Маркази равобити умумии ФСБ имрӯз, 14 август аз дастгир кардани гурӯҳе аз ҳаросафканон хабар дод, ки барои анҷоми ҳамлаҳои маргталабона дар нақлиёт ва фурӯшгоҳҳои бузурги Маскав омода мешуд.

"Дар паи амалиёти вижа аъзои гурӯҳи теруристӣ, аз ҷумла саркарда ва омодасози амалиёти теруристӣ — маъмури сиррӣ, коршиноси бумбсоз ва ду ҷангҷӯи интиҳории созмони байналмилалии теруристии "Давлати исломӣ" (мамнуъшуда дар Русия), шиносоӣ ва дастгир шуданд", — гуфта мешавад дар иттилоъияе, ки равобити умумии ФСБ мунташир кардааст.

Дар ин иттилоъия гуфта шуда, ки яке аз ин чаҳор дастгиршуда шаҳрванди Русия буда ва дигарон шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала