БМТ дар шаҳри Душанбе майдончаи варзишию истироҳатӣ бунёд кард

© Фото : Аз равобити умумии БМТИфтитоҳи майдончаи варзишӣ аз ҷониби БМТ
Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ аз ҷониби БМТ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Бонки миллии Тоҷикистон дар кӯчаи Ҳофизи Шерозии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе майдончаи варзишию истироҳатӣ бунёд кард

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии БМТ, лоиҳаи майдончаи мазкур аз ҷониби ширкати  "Душанбешаҳрсоз" тарҳрезӣ гардида, корҳои сохтмонӣ аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди "Сохтмони шаҳр" дар муддати се моҳ ба маблағи 520 000 сомонӣ ба анҷом расонида шуд.

Дар маросими ифтитоҳи майдончаи мазкур муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ, раиси ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Самӣ Шариф Ҳамид ва дигар шахсони масъул ширкат доштанд.

Мэр Душанбе Рустам Эмомали, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Рустам Эмомалӣ барои маҳаллаи беҳтарини Душанбе 20 000 сомонӣ мукофотпулӣ медиҳад

Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Самӣ Шариф Ҳамид изҳор дошт, ки ифтитоҳи иншооти мазкур идомаи дастгирии сиёсати бунёдкоронаи ҳукумати ҷумҳурӣ буда, иқдомоти мазкур дар Соли Ҷавонон боз идома хоҳанд ёфт.

Масоҳати умумии майдончаи варзишию истироҳатӣ 1086 метри мураббаъро ташкил дода, дар ҳудуди он як майдончаи варзишии универсалӣ барои бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол, маҷмаа барои бозии кӯдакон (чархофалаку алвонҷак), як ҳавзчаи шиноварӣ ва майдонча барои машғулиятҳои варзиши бадан сохта ба истифода дода шудааст.

Лентаи хабарҳо
0