Инфиҷори мудҳиш дар Узбакистон

Дар шаҳри Қаршии вилояти Қашқадарё дар таваққуфгоҳе инфиҷори шадид рух дод

Дар килуметри 5-уми шоҳроҳи Қаршӣ — Бешкент худрави боркашоне, ки гази моеъ мебурд, бо далели нақси фаннӣ  мунфаҷир шуд. Ин сӯхтбар аз они ширкати "Узтрансгаз" будааст.

Дар натиҷаи ин ҳодисаи нохуш ронанда ҷароҳати сахт бардошта, дар бемористон бистарӣ гардидааст. Аз дигар осебдидагон дар ин инфиҷор то кунун иттилоъе дар даст нест.

Кумитаи авзоъи изтирории Узбакистон гуфтааст, дар бораи ин инфиҷори мудҳиш дертар дар сомонаи расмиаш гузориш хоҳад дод.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала