ВУД хабари ёфт шудани зану кӯдаки скочпечро аз рӯди Кофарниҳон такзиб кард

© Commons.wikimedia WikimediaРека Кофарнихон, архивное фото
Река Кофарнихон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, овозаи ёфт шудани чаҳор ҷасад аз рӯди Кофарниҳон бепоя буда, чунин мавриде дар шуъбаи ВУД дар ноҳияи Ҳисор сабт нашудааст

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабари ёфт шудани чаҳор ҷаноза аз рӯди Кофарниҳон дар ноҳияи Ҳисорро такзиб кард.

Сухангӯи ВУД ҶТ Умарҷон Эмомалӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки овозаҳо дар бораи ёфт шудани чаҳор ҷасад аз рӯди Кофарниҳон дар минтақаи Хоҷа Конбобо дурӯғ аст.

Вай афзуд, овозае, ки гӯё ҷасади зане ёфт шуда, ки кӯдакеро ба танаш бо наворчасп баста буда бошанд, низ дурӯғ буда, вазорат аз тариқи Шуъбаи худ дар Ҳисор маълум кардааст, ки рӯзи 13-уми август чунин рухдоден мушоҳида ва сабт нашудааст.

Ёдовар мешавем, бархе аз расонаҳои тоҷикӣ пештар бо такя ба манобеъи худ хабар дода буданд, ки рӯзи 13-уми август аз рӯди Кофарниҳон дар минтақаи Кони намкаи ноҳияи Ҳисор чаҳор ҷасади ғарқшуда ёфт шуда, ки дар миёнашон модару кӯдаки скочпечшуда буданд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала