Намояндаи Маҷлис: Эрон мухолифи нақзи ҳокимияти Тоҷикистон аст

Намояндаи Маҷлиси Эрон таъкид карда, ки Теҳрон мухолифи ҳаргуна иқдоме аст, ки ҳокимияти Тоҷикистонро нақз мекунад

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Ардашер Нуриён, узви Кумисюни амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси шурои исломии Эрон, гуфта "он чӣ дар расонаҳои Тоҷикистон алайҳи Эрон матраҳ шуда, дурӯғ аст ва Эрон ҳар гуна иқдомеро, ки нақзи ҳокимияти Тоҷикистон бошад, маҳкум мекунад".

Флаг Ирана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Сафорати Эрон: иддиъоҳои ВУД Тоҷикистон бепоя ва дурӯғ аст

"Бархе авомили берунӣ ба дунболи коршиканӣ дар равобити Эрону Тоҷикистон ҳастанд ва дар ин чорчӯб Амрико ва режими Саудӣ нақши фаъолеро бар зиёни Эрон дар Душанбе дунбол мекунанд", — гуфтааст вай.

Ба гузориши хабаргузории эронии "ParsToday", Нуриён дар гуфтугӯ бо хабаргузории Маҷлиси шурои исломии Эрон таъкид карда, ки "Тоҷикистон набояд асири ҳарфҳои хилофи воқеъи кишварҳои фароминтақаӣ шавад ва мо умедворем, бо оянданигарии Эмомалӣ Раҳмон ду кишвар ҷиҳати таҳкими равобит гом бардоранд".

Акс аз филми ВУД ҶТ аз 8-уми август - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон Эронро муттаҳам ба пуштибонии моливу низомӣ аз кушторҳои сиёсии солҳои 1990-ум кард

Вай ёдоварӣ карда, ки пас аз фурӯпоши Иттиҳоди Шуравӣ Эрон нахустин кишваре буд, ки истиқлоли Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва афзудааст: "Навъи нигоҳи дӯстонаву самимонаи Теҳрон ба Душанбе мавзуъе нест, ки касе битавонад мункири он бошад".

Намояндаи маҷлиси қонунгузори Эрон гуфта, ки Тоҷикистон кишваре форсизабон ва ҷузъи тамаддуни эронӣ аст ва ҳарчанд ахиран равобиташ бо Эрон бар асари бардоштҳои нодуруст дучори рукуд шудааст, аммо дар ҳамкориҳои созанда бо Эрон метавонад ҳамзамон бо муқобила бо таҳдидоти амниятӣ, ба манофеъи иқтисодиву фарҳангӣ низ даст пайдо кунад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала