Дархости Леонардо Ди Каприо аз Эмомалӣ Раҳмон

© REUTERSЛеонардо Ди Каприо на этот раз остался без Оскара
Леонардо Ди Каприо на этот раз остался без Оскара - Sputnik Тоҷикистон
Леонардо Ди Каприо аз сарони 12 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, дархост кардааст, ки паланги барфиро аз нобуд шудан наҷот диҳанд

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Ҳунарпешаи номдори амрикоӣ ва фиристодаи вижаи СММ Леонардо Ди Каприо аз сарони 12 кишвар, аз ҷумла раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, дархост кардааст, ки дархостномаи "Save snow leopards" (Палангонро наҷот диҳед)-ро имзо кунанд.

Ин ҳунарманди машҳур дар сафҳаи расмиаш дар Instagram — The Leonardo DiCaprio Foundation навишта, ки насли паланги барфӣ бино бар бархӯрди харобкорона бо муҳити зисташ рӯ ба нобудӣ ниҳодааст.

"Моҳи августи ҳамин сол сарони 12 кишвар дар Қирғизистон гирди ҳам меоянд, ки дар он кишвар палангҳои барфӣ ба сар мебаранд. Ман аз Шумо даъват мекунам, ки барои ҳимоя аз ин ҷонвари камшумор чораҳои зарурӣ андешед", — гуфта мешавад дар изҳороти ҳунарманди амрикоӣ.

Ёдовар мешавем, 24 — 25 август дар Бишкек Ҳамоиши байналмилалии ҳифзи паланги барфӣ баргузор мешавад.

Леонардо Ди Каприо ҳамчунин аз мардуми бумӣ даъват кардааст, ки палангҳои барфиро ҳимоя кунанд ва аз шикори ғайриқонунӣ пешгирӣ кунанд.

Паланги барфӣ яке аз намодҳои миллии Қирғизистон аст. Ин ҳамоиш бо пуштибонии Барномаи рушди СММ, Бунёди ҷаҳонии муҳитзист, USAID, Бунёди ҷаҳонии ҳаёти ваҳш, Анҷумани олмонии ҳифзи табиъат ва дигар созмонҳо баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дар соли 2014 дабири кулли СММ Пан Ги Мун Леонардо Ди Каприоро фиристодаи вижаи СММ дар масоили тағйири иқлим таъйин карда буд. Вай бунёди шахсии худро бо номи The Leonardo DiCaprio Foundation ташкил карда, ки он аз ҷонварони камшуморе чун паланги барфӣ, бабр, каркадан, акула ва гориллаи кӯҳӣ ҳимоя мекунад.

Ҳамакнун дар  кӯҳсорҳои Тоҷикистон камубеш 300 паланг ба сар мебарад.  Куллан дар ҷаҳон 3 000 паланги барфӣ ба сар мебаранд. Шикори паланги барфӣ, ки дар Китоби сурхи ҷаҳонӣ ва Китоби сурхи Тоҷикистон номнавис шуда, мамнуъ аст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала