Аббосов: ҳоҷиён дар хонаи Худо ба ҷои намозгузорӣ "селфӣ" мегиранд

© Sputnik / Владимир Трефилов / Гузаштан ба хазинаи аксЗаместитель председателя Совета муфтиев России Рушан Аббясов. Архивное фото.
Заместитель председателя Совета муфтиев России Рушан Аббясов. Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Муовини аввали раиси Идораи динии мусулмонони Русия Рӯшан Аббосов бар ин аст, ки набояд ҳаҷҷро ба чорабинии истироҳатӣ табдил дода,ба расмгирию паҳнкуниии аксҳо дар интернет машғул шуд

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Авохири моҳи август замони зиёрати Хонаи Худо дар Маккаю Мадина мерасад.

Ин замони поксозии рӯҳу ҷон аст. Вале аксари ҳоҷиён ҳангоми зиёрати Каъба ба ҷои намозгузорӣ ба "селфидан" ва аксбардорӣ машғул мешаванд.

"Аз ҳама муҳимаш ин, ки инсон набояд зиёрати хонаи Худоро ба "селфиҳаҷҷ" табдил диҳад. Ӯ бояд бо орзуи ҳоҷӣ шудан ва адои як рукни ислом ба хонаи Худо биёяд. Вай метавонад акс бардораду ба ҳамкорон ё ёру дӯстонаш бифиристад, вале бидуни таассубкорӣ", — гуфт Рӯшан Аббосов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Макка, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Хушхабар: муҳоҷирон метавонанд аз Русия ба Ҳаҷ раванд

Ба қавли ӯ агар ҳоҷӣ бо мақсади сирф таълимӣ расми Ҳаҷҷро ба навор бигирад боке нест.  Ин бар хилофи шариат нест. Вале селфидан ва паҳнкунии он дар Instagram набояд, ҷавҳари аслии ҳаҷҷро, ки сафарест барои пок шудан аз гуноҳҳо ва ба ҷой овардани шукри Худо, халал расонад.

Бояд қайд кард, ки аксарияти ҳоҷиёни муҳоҷири тоҷик имсол аз ҳисоби квотаи Русия ба Макка сафар хоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0