Мусодираи 28 килу афюн дар Фархор

Вазорати умури дохилаи ҶТ аз мусодираи 28 килу маводи мухаддир иттилоъ медиҳад

ДУШАНБЕ, 15 авг— Sputnik. Ба гузориши манбаъ, бо гумони ғайриқонунӣ нигоҳ дошатни маводи мухаддир дар ноҳияи Фархор, шаҳрванди Афғонистон дастгир шудааст.

Дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ғалабаи ноҳияи Фархор шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Забиаллоҳ валади Нурулҳақ, соли таваллудаш 1994 барои нигоҳдории ғайриқонунии мводи нашъадор дастгир шуд.

Солдат вооруженных сил Таджикистана на границе с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Марзбонони тоҷик оромиро танҳо дар “хоб” мебинанд

Ин сокини деҳаи Чармгарони вилояти Тахори Афғонистон наздики 28 килу маводи мухаддиро дар борхалтааш нигоҳ доааст.

Ҳангоми бозҷӯии шахсӣ аз дохили борхалтааш мувофиқи маълумотномаи Раёсати ташхисии ВКД, 27 килую 340 грамм маводи нашъадори навъи “афюн” ва 520 грамм маводи нашъадори навъи “ҳашиш”, дарёфт ва мусодира карда шуд.

Ҷамъи маводи нашъадор 27 килою 860 граммро ташкил медиҳад.

Айни замон номбурда дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, аз рӯи ин қазия парвандаи ҷинояӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала