Самад Зафар: дар шаш моҳ 12 ҳазор бор қочоқи маводи мухаддир ошкор шуд

© Sputnik / Гузаштан ба хазинаи аксУничтожение наркотических средств в Таджикистане
Уничтожение наркотических средств в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Дар давоми шаш моҳ ақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон 2 тоннаю 365 килу маводи мухаддирро аз гардиши ғайриқонунӣ боздоштанд

ДУШАНБЕ, 15 авг-Sputnik. Қочоқбарони афғон усулҳои худро дигар мекунанд. Вақтҳои охир қочоқбарон роҳи худро ба истифода аз силоҳ мекушоянду ба "марзбонон"-и тоҷик оромӣ намедиҳанд.

Коршиносони тоҷик аз вазъи марзи Тоҷикистону Афғонистон нигаронанд. Онҳо мегӯянд, ки гурӯҳҳои ғайридавлатии Афғонистон дар ҷустуҷӯи сарчашмаҳои нави даромад ҳастанд.

Наркотики. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мусодираи 28 килу афюн дар Фархор

Толибон ҷаҳд доранд нафақат сарчашмаи истеҳсоли тиллову ёқуту лоҷуварро дошта бошанд, балки қочоқи маводи мухаддиро низ зери назорати худ бигиранд.

Кордонон тамоюли дигареро мушоҳида кардаанд — ҷангиён роҳҳои қочоқи маводи мухаддиро ба василаи истифода аз силоҳ мекушоянд.

Дар давоми ним соли аввал, мақомоти Тоҷикистон 12 ҳазор қонуншикании марзии вобаста ба қочоқи маводи мухаддирро пешгирӣ карданд.

"Дар давоми шаш моҳ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон 2 тоннаю 365 килу маводи мухаддир аз гардиши ғайриқонунӣ мусодира шуд. Соли 2016 ҳаҷми қочоқ 2 тоннаю 251 килуро ташкил дод", — гуфт муовини аввали раҳбари Оҷонсии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир Самад Зафар.

Самад Зафар: дар шаш моҳ 12 ҳазор бор қочоқи маводи мухаддир ошкор шуд

 

Вазъи қочоқи маводи мухаддир дар худи Афғонистон ҳам ҳамоно рӯ ба бадӣ дорад. Чуноне хабаргузории "Afghanistan.ru" хабар медиҳад, авохири моҳи июл муовини вазири мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Афғонистон Абдул Халил Бахтиёр дар ин росто гуфт, ки наздики се милюн мардуми афғон бо маводи мухаддир сару  кор доранд.

Гузориши охирини Нозироти кулли ИМА оид ба барқарорсозии Афғонистон (SIGAR) нишон медиҳад, ки дар давоми 15 сол беш аз ҳашт милярд дулор барои решакан кардани маводи мухаддир ва қочоқи он масраф шудааст, вале муттассифона натиҷае надодааст.

Афғонистон ҳамоно бузургтарин кишвари истеҳсолкунандаи маводи мухаддир боқӣ мемонад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала