Нархҳои осмонии билет: донишҷӯёни тоҷик бо қатор ба Маскав мераванд

© Sputnik / Алексей Мальгавко / Гузариш ба медиабонкПассажиры на станции, архивное фото
Пассажиры на станции, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Донишҷӯёни тоҷик аз бенавоӣ роҳеро, ки метавон дар чаҳор соат рафт, дар чаҳор рӯз мепаймоянд

ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Шаш донишҷӯи тоҷик ба далели гаронии билети ҳавопаймо мусофират бо қаторро ихтиёр карданд. Донишҷӯёни тоҷик аз бенавоӣ роҳеро, ки метавон дар чаҳор соат рафт, дар чаҳор рӯз мепаймоянд.

Салим ва Фаррух — ҳунарҷӯёни соли чаҳоруми Ҳунаркадаи сирки Маскав ҳастанд. Ин ду ҷавони тоҷик бо оғози таътилот дар моҳи июн ба Тоҷикистон сафар кардаву акнун ки соли таҳсил оғоз мешавад, роҳи Маскавро пеш гирифтаанд.

"Нархи билет барои донишҷӯён бисёр гарон аст. Мо наметавонем ба маблағи дувуним ё се ҳазор сомонӣ билет харем. Пул надорем. Маҷбурем бо қатора ба Маскав биравем", — гуфт Салим Муъминоав дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Мигранты на строительном объекте. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Аз сохтусоз то сафорат: донишҷӯёни тоҷики Маскав дар куҷоҳо кор мекунанд

Ин ҳунарҷӯён ба нархи 1350 сомонӣ билети қатор харидаву рӯзи 21 август Маскав равон мешаванд.

"Дар билетфурӯшии "Роҳи оҳани Тоҷикистон" мо бо чаҳор донишҷӯи дигар, ки дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд, ошно шудем. Онҳо ҳам аз гаронии нархи билети ҳавопаймо гила мекарданду ночор буданд бо қатор Русия бираванд".

Пештар Салим Муъминов дар суҳбат бо Тоҷикистон гуфта буд, ки мушкилии аслии ҳама донишҷӯёни тоҷик дар Русия набуди пул аст.

"Мо кумакпулии "Дурахшандагон" мегирем. Вале бо 6 ҳазор рубл дар пойтахти Русия наметавон рӯз гузаронд, чи расад ки зиндагӣ кард".

"Афзун бар ин мо ҳамаи корафзорҳои ҳунариамонро худамон харид мекунем. Масалан, якчархае, ки ман бо он ҳунарнамоӣ мекунам, 10 ҳазор рубл арзиш дорад. Боз чӯбҳо, ҷӯробҳои махсус, ки ҳангоми дарсомӯзӣ истифода мешаванд", — гуфт Салим дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Салим Муминов - Sputnik Тоҷикистон
Салим Муъминов: дар Қӯрғонтеппа сирк бунёд мекунам

Вале ба қавли ӯ, дар кишвари хориҷӣ ҳунарҷӯ будан ҷанбаҳои мусбат ҳам додар. Мусофир дар кишвари бегона қобил мешавад. Ҷаҳонбиниаш васеъ мешавад.

Нархи билети ҳавопаймо ҳамасола дар оғози баҳор ва оғози соли таҳсил гарон мешавад. Коршиносон онро бо рафту баргашти корҷӯён ба Русия рабт медиҳанд.

Муовини мудири Идораи ҳавопаймоии кишварии Тоҷикистон Анвар Гулов дар суҳбат бо хабарнигори Sputnik Тоҷикистон гуфт: "Ширкатҳои ҳавопаймоӣ аз он рӯ нархи билетҳоро гарон мекунанд, ки медонанд бо фаро расидани фасли баҳор, харидори билет аз Тоҷикистон ба Русия бисёр мешавад. Баҳор — фасли муҳоҷирати корӣ аст. Нархҳо, дар воқеъ, осмонӣ шудаанд, аз ин рӯ Идораи мо бо намояндагони ширкатҳои ҳавоӣ гуфтугӯ кард ва ҳушдорашон дод, ки барои афзоиши нарх нисбати онҳо чораҷӯӣ хоҳад шуд".

Боре, ҳарчанд Вазорати нақлиёт ширкатҳои ҳавопаймоиро ҳушдор медиҳаду таҳдид мекунад, аммо нархи билет гаронтар мешавад. Чунончи, чанд рӯз пеш аз ин билети парвоз аз Тоҷикистон ба Русия 2600 сомонӣ (319 дулор) буд, вале имрӯз ҳамон билет 3200 сомонӣ (393 дулор) шудааст.

Лентаи хабарҳо
0