Даргузашти дуюмин шоҳзодаи Арабистони Саудӣ дар як моҳ

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Марги шоҳзода Бандар бин Фад бин Саад бин Абдулраҳмон Ал-Саудро дарбориёни Арабистони Саудӣ тасдиқ карданд

ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар бораи марги шоҳзода Бандар бин Фад бин Саад бин Абдулраҳмон Ал-Сауд хабар дод.

Бино ба иттилоъи оҷонсии SPA сабаби марги шоҳзода гуфта нашудааст.

Шоҳзода рӯзи 16 август аз олам чашм пӯшид. Маросими дафни ӯ имрӯз дар Риёз баргузор мешавад.

Пештар, рӯзи ҳаштуми август дар Арабистони Саудӣ шоҳзодаи дигаре — Салмон бен Абдуллоҳ бен Турки Ал-Сауд дар синии 26 солагӣ аз олам даргузашт. Сабаби марги ин шоҳзодаи ҷавон сактаи дил шуд.

Ёдоварӣ мекунем, ки тобистони моли 2016 шоҳи Арабистони Саудӣ вориси худро иваз кард.

Лентаи хабарҳо
0