Комроншоҳ Устопириён ба Маҷористон меравад

Ба ҳайъати ҷудочиёни тоҷик нӯҳ варзишкор дохил шуданд. Онҳо Тоҷикистонро миёни 102 кишвари ҷаҳон дар Маҷористон муаррифӣ хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон варзишкороне муайян шуданд, ки дар Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо ширкат хоҳанд кард.

Дар шаҳри Будапешт аз 28 август то 3 сентябр Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо баргузор мешавад.

Барои ба даст овардани медалҳо беш аз 600 варзишкор аз 102 кишвари ҷаҳон ҷамъ меоянд.

Тоҷикистонро дар Маҷористон Суҳроб Боқиев (60 кг), Хушқадам Хусравов (66 кг), Саидмухтор Расулов (73 кг), Беҳруз Хоҷазода (73 кг), Садр Боев (81 кг), Кароматулло Ҳакимов (81 кг), Комроншоҳ Устопириён (90 кг), Саидҷалол Саидов (100 кг) ва Шакармамад Мирмамадов (100 кг) муаррифӣ мекунанд.

Хушбахт Курбонмахмадов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Хушбахт Қурбонмаҳмадов: орзу дорам қаҳрамони олимпии 2020 шавам

Моҳи июл Комроншоҳ Устопириён дар сабқати байнулмилалие, ки дар шаҳри Минск баргузор шуд аз байни 400 варзишкор мақоми севумро ба даст овард

Пешатар хабар дода шуд, ки ду куштигири тоҷик- Комроншоҳ Устопириён ва Саидҷалол Саидов бо далели таъхири парвоз ба Ҷоми қаҳрамони Осиё нарасиданд.

Худи Комрошоҳ дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳоло ба ҷемпионати ҷаҳон омодагӣ мебинад ва мехоҳад дастовардҳои беҳтаринро дар ин қаҳрамонӣ ба даст орад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала