Ҷурми Татяна Хужинаро рӯзи душанбе эълом мекунанд

© SputnikТатьяна Хужина
Татьяна Хужина - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷурми шаҳрванди Русия Татяна Хужинаро, ки муттаҳам ба қочоқи як дона тангаи подшоҳии русӣ мешвад, рӯзи душанбе эълом хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур баррасии парвандаи шаҳрванди Русия Татяна Хужинаро, ки муттаҳам ба қочоқи як дона тангаи подшоҳии Русия мешавад, ба рӯзи душанбе вогузор кард.

Қарор шуда, ки дар он ҷаласа, ки чаҳорумин ҷаласаи баррасии парвандааш хоҳад шуд, ҷурмаш эълом шавад. Имрӯз дар додгоҳ далелҳои додситониву ва вакили дифоъ матраҳ шуданд.

Россиянка прокомментировала судебное заседание в РТ по делу о монете - Sputnik Тоҷикистон
Татяна Хужина ҷаласаи додгоҳро ба рӯзноманигорон тавзеҳ дод

Эъломи ҷурми муттаҳам аз он рӯ ба рӯзи душанбе вогузор шуд, ки додрас наметавонист то поёни соати кор ё вақти идорӣ ҳукмномаро бихонад.

Татяна Хужина ва вакилаш Рустам Ҳакимов умедворанд, ки додгоҳ пушаймонии муттаҳам ва кӯдаки хурдсол доштанашро ба назар гирифта, аз ҷурмаш дар хоҳад гузашт.

Дар ҷаласае, ки имрӯз пушти дарҳои баста баргузор шуд, намояндаи додситонӣ аз Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур хоста, ки Татяна Хужинаро ба 6 соли зиндон маҳкум кунад.

Татяна Хужина моҳи июн дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба иттиҳоми қочоқи як дона тангаи имперотурии Русия боздошт шуда буд. Ин сикка, ба гуфти муттаҳам, аз они модараш буда ва онро чун ёдгор аз модар бо худ медоштааст.

Коршиносони рус мегӯянд, ки арзиши он сикка бештар аз чаҳор дулор нест. Вале қонунгузории Тоҷикистон сиккаҳоеро, ки 50 солу пештар аз он зарб зада шудаанд, дорои арзиши торихӣ мешуморад ва берун аз кишвар бурданашонро мамнуъ кардааст. Бино бар ин қонун, шаҳрванди Русияро аз 5 то 8 сол аз озодӣ маҳрум хоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0