Умеди Вазорати умури хориҷаи Русия аз додгоҳи Тоҷикистон

© SputnikТатьяна Хужина
Татьяна Хужина - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маҷлиси додгоҳи парвандаи шаҳрванди Русия Татяна Хужина, ки дар Тоҷикистон ба қочоқи тангаи қадима муттаҳам мешавад, то рузи душанбе ба таъхир гузошта шуд. Мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон ба вай аз 6 то 8 соли зиндон таҳдид мекунад

ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Тавре Вазорати умури хориҷаи Русия иттилоъ медиҳад, ниҳод ба адолати додгоҳи Тоҷикистон, ки парвандаи шаҳрванди Русия Татяна Хужинаро баррасӣ мекунад, умед бастааст.

 "Умед бар он дорем, ки ҳангоми барраси парвадаи Татяна Хужнина додгоҳ бо назардошти он ки Хужина дар асл мақсади қочоқи тангаи дукопейкаи қадимаи Русияро надоштааст ва пештар дар ҳудуди Тоҷикистон қонуншиканӣ накарда буд, адолатмандона ҳукм хоҳад кард",- омадааст дар гузориши ВУХ Русия.

Ёдовар мешавем, ки маҷлиси додгоҳии минбаъдаи Татяна Хужина 21-уми август баргузор мешавад.

"Баррасии парвандаро расонаҳои русиву тоҷикӣ густурда пайгирӣ мекунанд. Барои он ки мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон дар ҳолати сар задани ин намуди қонуншиканӣ муҷозоти он то 10 соли зиндон аст, аммо бо гуфтаи коршиносон арзиши тангаҳое, ки Татяна мехост бо худ барад, ҳамагӣ 4-5 дулорро ташкил мекунад",- омадааст дар гузориши ниҳод. 

Татяна Хужина моҳи июн дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба иттиҳоми қочоқи як дона тангаи имперотурии Русия боздошт шуда буд. Ин сикка, ба гуфти муттаҳам, аз они модараш буда ва онро чун ёдгор аз модар бо худ медоштааст.

Коршиносони рус мегӯянд, ки арзиши он сикка бештар аз чаҳор дулор нест. Вале қонунгузории Тоҷикистон сиккаҳоеро, ки 50 солу пештар аз он зарб зада шудаанд, дорои арзиши торихӣ мешуморад ва берун аз кишвар бурданашонро мамнуъ кардааст. Бино бар ин қонун, шаҳрванди Русияро аз 5 то 8 сол аз озодӣ маҳрум хоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0