Сомон Маҳмадбеков қаҳрамони Ҷоми ҷудои Урупо шуд

Обуна шудан
Сомон Маҳмадбеков, варзишкори тоҷике, ки дар Русия зиндагӣ мекунад, қаҳрамони мусобиқоти Ҷоми ҷудои Урупо шуд

ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Дар зӯрозмоиҳои Ҷоми ҷудои Урупо миёни ҷудокорони ҷавон, ки дар Руминия баргузор шуданд, Сомон Маҳмадбеков ягона намояндаи Тоҷикистон буд.

Бино ба иттилоъи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Сомон дар рақобатҳои муқадаммотии радаи вазнии то 66 килуграм бар ҳамоварди укроиниаш Костиатин Ноткин ва ҷудокори олмонӣ Александр Габлер пирӯз шуд. Дар рақобатҳои даври ниманиҳоӣ ва ниҳоӣ вай ду варзишкори укроинӣ — Каро Марандиян ва Олег Овчаренкоро шикаст дода, унвони қаҳрамониро ба даст овард.

Эргаш Маҳмадбеков дар маросими ҷоизагирии  Миллион на добрые дела дар шаҳри Иркутск - Sputnik Тоҷикистон
Эргаш Маҳмадбеков: шаҳри Иркутскро маркази дзюдо гардонидем

Дар рақобатҳои Ҷоми ҷудои Урупо миёни ҷавонон 248 варзишкор аз 33 кишвар, аз ҷумла 156 ҷавонписар ва 92 ҷавондухтар, ширкат карданд. Дар ин мусобиқот дастаи варзишкорони Руминия бо 3 медоли тилло, 1 нуқра, 10 биринҷӣ сазовори ҷои аввал шуд. Мақоми дувумро дастаи Хорватия бо 2 медоли тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ ва ҷои севумро Маҷористон бо 2 медоли тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ ишғол карданд.

Тоҷикистон бо 1 медоли тилло мақоми 9-умро ба даст овард.

Сомон дастпарвари мактаби ҷудои русӣ буда, дар шаҳри Иркутск зиндагӣ мекунад ва дар мусобиқаҳо Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад. Ӯро мураббиёнаш Эргаш Маҳмадбеков ва Фотеҳ Маҳмадбеков тамрин медиҳанд. Сомон  моҳи апрели соли равон дар Ҷоми ҷудои Африқо миёни ҷавонон низ пирӯз шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0