Билетҳои арзон: чигуна Узбакистон ҷаҳонгардонро ҷалб мекунад

© Flickr / Alec WilsonСамолет узбекских авиалиний, архивное фото
Самолет узбекских авиалиний, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
НовостиTelegram
Дар Узбакистон нархи парвоз барои гардишгарон арзон шуд. Дар ҳама масирҳо тахфифҳои 40-дарсадӣ роҳандозӣ шудаанд

ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Бино ба иттилоъи Podrobno.uz, ширкати ҳавопаймоии миллии Узбакистон нахри билети парвоз дар бархе аз масирҳоро 40 дарсад арзон кардааст.

Ба гуфти мудири иқтисодии ширкати ҳавопаймоии милли Узбакистон Дилшод Юлдошев ин иқдом ба хотири рушди гардишгарӣ дар Узбакистон роҳандозӣ шудааст.

Пассажиры на станции, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Нархҳои осмонии билет: донишҷӯёни тоҷик бо қатор ба Маскав мераванд

"Тахфифи 40-дарсадӣ дар ҳама масирҳо, аз ҷумла барои гардишгарони кишварҳои Осиё, ба роҳ монда шудааст. Ин тахфиф акнун дар ҳама самтҳо ва на танҳо барои парвозҳои гурӯҳӣ, балки барои сафарҳои инфиродӣ ҳам роҳандозӣ шудааст", — гуфт Юлдошев.

Узбакистон аз чанде пеш иқдом ба осонсозии рафту омад кардааст. Аз соли 2019 дар Узбакистон сафар бо раводид аз миён бардошта шуда ва гузарнома ҷойгузинаш мешавад.

Лентаи хабарҳо
0