Додгоҳи Узбакистон занеро ба ҷурми ҷосусӣ барои Тоҷикистон зиндонӣ кард

Додгоҳи низомии Узбакистон Алёна Кимро муттаҳам ба хиёнат ба кишвар кардааст

ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Додгоҳи низомии Узбакистон як шаҳрванди ин кишварро ба иттиҳоми ҷосусӣ барои Тоҷикистон барои 10 солу 6 моҳ зиндонӣ кардааст.

"Додгоҳи низомии Узбакистон Алёна Ким — шаҳрванди 36-сола аз шаҳри Ширин дар вилояти Сурхондарёро муттаҳам ба ҷосусӣ барои Тоҷикистон шинохта ва маҳкум ба 10 солу 6 моҳ зиндон кардааст", — иттилоъ медиҳад хабаргузории ТоҷикТА.

Додгоҳ Алёна Кимро муттаҳам ба хиёнат ба кишвар, ҷосусӣ, додани иттилоъоте, ки рози давлат дониста мешаванд ва анҷоми аъмоле, ки амнияти кишварро дар хатар мегузоранд, кардааст.

Хешовандони вай гуфтаанд, ки додгоҳ ҳукмашро ба ин иттиҳомот бунёд карда, ки Алёна муддатеро дар Тоҷикистон ба сар бурдаву дар рестуроне дар Хуҷанд пешхидматӣ мекардааст.   

Аммо ба гуфти Надежда Пак, вакили дифоъи Ким, вай пештар якчанд сол дар сохтори Вазорати умури дохилаи Узбакистон кор мекардааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала