Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Латиф Пидром: Роҳбурди Трамп роҳи ҷанг аст, на роҳи сулҳ

© AFP 2021 / SHAH MARAILatif Pedram, архивное фото
Latif Pedram, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳизби "Конгреи миллии Афғонистон" роҳбурди нави раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп барои Афғонистонро "ҷангталабона ва ишғолгарона" дониста онро ба шиддат маҳкум мекунад

ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Раҳбари ҳизби "Конгреи миллии Афғонистон" Латиф Пидром дар баёнияе, ки рӯнавиште аз онро барои Sputnik Тоҷикистон фиристода, роҳбурди нави Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрикоро ба шиддат интиқод карда, онро "роҳи ҷанг" хонд.

Вай гуфта, роҳбурди нави Доналд Трамп барои Афғонистон боиси ташдиди ҳарчи бештари ҷангу хушунату буҳрон дар он кишвар ва минтақа мегардад, на таъмини сулҳу субот.

Latif Pedram, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Латиф Пидром: Ҷанги Афғонистон ва чолишҳои Осиёи Марказӣ

"Лаҳну паёми Трамп паёми як қудрати ишғолгар ва султаталаб буд, на паёми як заъим (кафил) ва кишвари сулҳдӯст. Ҷони сухани Трамп ва вожаҳое, ки дар он ба кор бурд, ғайриахлоқӣ, сабуксарона ва зӯргӯёна буд. Суханони ӯ ҳамзамон иҳонату тавҳини ошкор ба мадуми Афғонистон буд. Трамп аз миллатсозӣ ва бозсозии Афғонистон сухан нагуфт, балки аз куштор ва идомаи ҷангу ҷиноят дар Афғонистон сухан гуфт", — гуфта мешавад дар ин баёния.

Латиф Пидром мегӯяд: "Трамп фаромӯш кардааст, ки режими ишғолгари Амрико бо беш аз 100 ҳазор сарбозаш дар Афғонистон натавонист коре ба пеш бибарад, ҳоло бо 4 ҳазор сарбоз мехоҳад пирӯзӣ ба даст оварад. Интизор ин буд, ки Трамп бо ҷиноёте, ки режими Амрико анҷом додааст, видоъ кунад ва роҳи ҳалли сиёсӣ пешниҳод диҳад, сиёсатҳои ишғолгаронаи худро бознигарӣ кунад ва роҳро барои хуруҷи худ аз Афғонистон боз намояд. Вале ӯ баръакс бар идомаи ҷангу одамкушӣ дар Афғонистон таъкид кард. Чунин сиёсате бешакк бо муқовимати шадиди мардуми Афғонистон ва ҳама нерӯҳои озодихоҳи кишвари мо рӯбарӯ хоҳад шуд. Шикаст дар Афғонистон сарнавишти ногузири ишғолгарҳои амрикоӣ аст!"

Военнослужащий США в Афганистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Коршинос: Амрико нерӯҳояшро аз Афғонистон берун намекашад

Вай ҳамчунин гуфта: "Трамп ба Покистон ҳамла ва онро шадидан интиқод кард, дар ҳоле, ки ҳарифи интихоботии ӯ Ҳилорӣ Клинтун чанд бор эътироф кард, ки ДОИШ-ро Амрико бунёдгузорӣ карда аст. Мудохилоти Амрико ва муттаҳидаш Бритониё бо ифтизоҳу русвоие, ки дар Ироқу Ховари Миёна эҷод кард, ниёз ба тавзеҳ надорад. Вазири пешини умури хориҷаи Фаронса Юбер Ведрин ҷиноёти Ғарбу Амрико дар Ховари Миёнаро "шарму нанги покнашуданӣ барои ғарбиҳо" дониста буд".

Раҳбари ҳизби "Конгреи миллии Афғонистон" таъкид карда, ки интиқод аз Покистон бояд ҳамзамон бо интиқод аз Ҳинд мебуд. "Ҳинд дар буҳронсозӣ ва шуълавар нигаҳ доштани ҷанг дар Афғонистон нақши инкорнопазир дорад. Меъёри дӯстии Ҳинд бо ҳаргуна давлате дар Афғонистон танҳо ва танҳо душманӣ бо Покистон аст", — гуфтааст вай.

Советские солдаты в Афганистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Оё Русия метавонад дар Афғонистон амалиёти низомӣ баргузор кунад?

Ҳизби Конгреи миллии Афғонистон роҳбурди нави Трампро чун роҳбурдҳоии пешини Амрико ҷангталабона ва ишғолгарона медонад ва ба шиддат онро маҳкум мекунад.

"Сиёсати нави Трамп чизе бештар аз бозтавлиди ҷангу хушунат нест. Дар чунин мавориде, ҳатто дар авҷи хушунату қаҳр, мешавад аз вожаи "мубориза" ва "истодагӣ" сухан гуфт, на аз вожаи "мо мекушем" ва "мо қатл мекунем". Танҳо як ковбои беақл аз филмҳои солҳои 1960-ум метавонад ингуна лоқайдона сухан бигӯяд, на ин ки як инсони мутамаддини имрӯзӣ", — таъкид кардааст Латиф Пидром.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала