Коршинос: Амрико бо иттиҳом задан ба Русия мехоҳад шикасташ дар Афғонистонро пардапӯш кунад

© AP / Uncredited / Гузаштан ба хазинаи аксАфганские талибы, архивное фото
Афганские талибы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Амрико бо муттаҳам кардани Русия ба мусаллаҳ кардани Толибон, мехоҳад шикасти худро дар Афғонистон пардапӯш кунад, мегӯяд коршиноси умури сиёсии Афғонистон Ваҳид Мужда

ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Чанде пеш вазири умури хориҷаи Амрико Рекс Тиллерсон дар як нишасти расонаӣ Русияро муттаҳам ба мусаллаҳ кардани ҷунбиши "Толибон" карда буд.

Latif Pedram, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Латиф Пидром: Роҳбурди Трамп роҳи ҷанг аст, на роҳи сулҳ

"Русия воқеъан ба Толибон ҷангафзор медиҳад ва ин кор мусалламан нақзи муқаррароти байналмилалӣ ва муқаррарорти Шурои амнияти Созмони милал аст", — гуфта буд вай.

Sputnik Афғонистон ин қазияро аз Ваҳид Мужда, коршиноси масоили сиёсӣ ва корманди пешини вазорати умури хориҷаи Афғонистон дар замони ҳукумати Толибон, пурсид.

"Ман дар ин бора бо Толибон суҳбат кардаам. Онҳо мегӯянд, ки на танҳо Русия, балки ҳеч кишвари дигаре ҳам ба мо кумак накардаву намекунад. Онҳо гуфтанд, ки мо як ҷангафзори "калашников"-ро дар Афғонистон арзонтар ҳам метавонем бихарем. Ин аслиҳаро аз Артиши Афғонистон ҳам метавон харид. Толибон аз хадамоти масъулини фасодкор истифода карда, бо ришва аз нерӯҳои афғонӣ силоҳу ҷангафзор мехаранд", — гуфт Мужда.

Военнослужащий США в Афганистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Коршинос: Амрико нерӯҳояшро аз Афғонистон берун намекашад

Вай мегӯяд, Русия пештар ба сарбозони Артиши Афғонистон ҷангафзор медод ва шуморе аз онро ҷангҷӯёни ДОИШ дар ҷангҳо бо артишиён дар Зобул аз онҳо ситондаанд ва сипас "Толибон" аз доишиён ғанимат гирифтааст.

"Агар Толибон аз кишваре ҳам ҷангафзор бигиранд, он "калашников" нахоҳад буд. Онҳо дар паи хариди ҷангафзорҳои ҳавопаймошикор ҳастанд ва агар ба онҳо даст ёбанд, мушкилоти амрикоиҳо дар афғонистон чандин баробар бештар хоҳад шуд", — мегӯяд ин коршинос.

Здание МИД РФ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Русия ба ИМА: хоки Афғонистонро тарк кунед

"Чаро амрикоиҳо Русияро муттаҳам ба фурӯши силоҳ ба Толибон мекунанд? Зеро мехоҳанд миёни Толибон тафриқа биандозанд, ки гӯё гурӯҳе аз "Толибон" ба Русия вобаста шудааст. Ин иттиҳомот аз дигар сӯ дар воқеъ таблиғоте бар зиёни худи Толибон низ ҳаст. Яке дигар аз далоиле, ки Амрико Русияро муттаҳам ба силоҳфурӯшӣ ба Толибон мекунад, ин аст, ки амрикоиҳо мехоҳанд бо иттиҳом задан ба дигар кишварҳо, усулан, Русия ва Покистон, шикасти худро дар Афғонистон пардапӯш кунанд", — мегӯяд вай.

Ваҳид Мужда бар ин бовар аст, ки ҳадаф аз роҳбурди нави Амрико пирӯзӣ дар ҷанг нест, балки пас андохтани шикасташ дар Афғонистон аст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала