Раисҷумҳури Тоҷикистон раиси ноҳияи Хуросонро танбеҳ дод

Раисҷумҳури Тоҷикистон раиси ноҳияи Хуросон Раҳматулло Хайруллоро танбеҳ дод

ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Ба иттилоъи хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, бо додани амре раиси вилояти Хурусонро барои иҷро накардани вазифаҳои хизматиаш танбеҳ додааст.

"Ба раиси ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон Сафарзода Раҳматулло Хайрулло бинобар ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои хизматиаш танбеҳ дода шавад", — омадааст дар амри раисҷумҳур.

Ифтитоҳи бинои нави мактаб дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон омӯзгорон ва волидони ноҳияи Хуросон ва Ҷомиро сарзаниш кард

Ин дар ҳолест, ки пас аз сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Хуросон бархе расонаҳои хабарӣ навиштанд, ки дар пайи хатои гуруҳи доиранавозони "Очаҷонҳо" дар ҳузури раисҷумҳур Зиёда Саломова, раиси Идораи кор бо занони ноҳия барканор шудааст.

Хадамоти матбуоти раисҷумҳур мегӯяд, ки сафарҳои Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои кишвар бо мақсади шиносоӣ аз вазъи зиндагӣ ва мулоқоти ошкоро бо сокинони шаҳру навоҳии мамлакат сурат мегирад, на барои баҳодиҳии сатҳи маросимҳои истиқбол.

"Дар натиҷаи гузаронидани тафтиши хизматӣ муайян карда шуд, ки зимни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Хуросон ягон эрод ё изҳори норозигӣ нисбати фаъолияти гурӯҳи зикргардида нашуда буд. Раиси ноҳияи Хуросон Раҳматулло Сафарзода дар баробари дигар камбудиҳо Саломова Зиёда Алматовнаро дар таърихи рӯзи 11.08.2017 аз вазифа сабукдӯш намудааст", — омадааст дар хабарнома.

Ба иттилои манбаъ, Зиёда Саломова ба вазифаи пешинааш барқарор гардидааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала