Се рӯзи истироҳати тоҷикистониён дар иди Қурбон

© Sputnik / Амир Исаев, STR / Гузариш ба медиабонкПразднование Ураза-Байрам в Душанбе
Празднование Ураза-Байрам в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имсол таҷлил аз "Иди Қурбон" ба якуми сентябр рост меояд, ки рӯзи ҷумъа аст

ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Ба гузориши расонаҳои расмии Тоҷикистон, тибқи қарори Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар Тоҷикистон иди Қурбон рӯзи ҷумъа, 1 сентябр  таҷлил мегардад.

Маркази исломии Тоҷикистон муқаррар карда, ки намози иди Қурбон бомдоди 1-уми сентябр, соати 6:30 дар ҳама масҷидҳои ҷомеи Тоҷикистон баргузор шавад.

Дар робита ба ин  1 сентябр тибқи қонун "Дар бораи рӯзҳои ид" дар Тоҷикистон рӯзи истироҳат эълон гардидааст. Рӯзҳои 2 ва 3 сентябр, яъне шанбе ва якшанбе  тибқи тақвим дар Тоҷикистон рӯзҳои маъмулии истироҳатиянд.

Ҳамин тавр тоҷикистониён имсол дар остонаи иди Қурбон се рӯз истироҳат хоҳанд кард.

Иди Курбон в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Рӯзи таҷлили "Иди Қурбон" дар Тоҷикистон муайян шуд

Ба гуфти муовини раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон  Исмоил Файзизода, "тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон агар рӯзи ид ба рӯзи ғайрикорӣ рост ояд,  аз ҳисоби рӯзи корӣ  рӯзи иловагӣ пешниҳод карда мешавад.  Дар соли равон иди Қурбон ба  рӯзи корӣ  рост омад, аз ин рӯ дар ҷумҳуриамон 1 сентябр рӯзи истироҳатист".

Вале то ҳол санаи оғози соли нави таҳсил дар Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати маориф эълом нашудааст.

Иди Қурбон аз рӯзгори паёмбар Иброҳим сарчашма мегирад. Чуноне, ки дар китобҳои муқаддаси динҳои иброҳимӣ омадааст, Худованд барои озмоиши паёмбар ӯро мефармояд, ки писари худро барои Худо қурбонӣ кунад ва устувории имони ӯро дида дастур медиҳад, то ба ҷои писараш барраеро забҳ кунад.

Бар пояи суннатҳои исломӣ, ҳар як мусулмон бояд дар ин рӯз барра, гов ё ягон ҷонвари аҳливу ҳалолгӯштеро ба номи Худо қурбонӣ кунад.

Лентаи хабарҳо
0